ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ФЕВРАЛ

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон авфи маҳбусон, ки 18 августи соли 2006 оғоз шуда буд, анҷом ёфт ва дар натиҷа 6731 нафар озод гардиданд.

Соли 2019 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” қабул гардид.

Соли 2021 – Хадамоти гумруки Тоҷикистон тафсилоти қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар, ки ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ интиқол дода мешуданд, шарҳ дод.

Маълумоти расмӣ дар бораи шахсони ба ин парванда алоқаманд ва ҷазоҳои пешбинишуда нашр нашудааст, аммо ин ҳодиса таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ва расонаҳоро ба худ ҷалб кард.

Соли 2022 – Ба вазири тандурустии Тоҷикистон барои саҳмаш дар мубориза бо COVID-19 шаҳодатномаи махсуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) супорида шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1201 – Мавлуди Насируддин Тӯсӣ, шоир, файласуф, ахтаршинос, олим ва мунаҷҷими форс-тоҷик.

Насируддини Тӯсӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва фалсафа нақши назаррас гузоштааст. Ӯ дар Ҳамадон ва Нишопур таҳсил намуда, дар давраи ҳуҷуми муғулон ба хидмати Ҳулокухон гузашта, расадхонаи машҳури Мароғаи Озарбойҷонро таъсис додааст.

Тӯсӣ дар риёзиёт, ҳандаса ва ситорашиносӣ кашфиётҳои муҳим анҷом дода, “Зиҷ”-и машҳури худро эҷод кард. Осораш, аз ҷумла “Ақли Қавл”, "Таҳзиб-ул-ахлоқ” ва “Асос-ул-иқтибос” то имрӯз дар илм ва фалсафа арзиши баланд доранд. Вай яке аз аввалин олимоне буд, ки системаи геосентрикии Батланиемро ба чолиш кашида, роҳро барои инқилоби илмии минбаъда ҳамвор кард.

Соли 1942 – Зодрӯзи Сафаралӣ Кенҷаев, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик ва муассиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон.

Сафаралӣ Кенҷаев

Сафаралӣ Кенҷаев фаъолияти кориашро аз обмони одӣ дар колхози “Бурднок” оғоз карда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои прокурори ноҳияи Фрунзеи Душанбе, прокурори нақлиёти ҶШС Тоҷикистон, муовини прокурори Роҳи оҳан ва раиси Кумитаи назорати назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ яке аз чеҳраҳо ва муҳраҳои саршиноси ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон буд. Аз ӯ ҳамчун муассис ва роҳбари "Фронти халқӣ" ном мебаранд, ки дар бақарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.

Сафаралӣ Кенҷаев 2 декабри соли 1991 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва то 22 апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Ӯ 30 марти соли 1999 замоне, ки роҳбари яке аз кумитаҳои парлумони Тоҷикистон буд, аз ҷониби ашхоси ношинс дар Душанбе ба қатл расонида шуд.

Соли 1945 –  Мавлуди Сайдулло Абдуллоев, муаррих, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Сайдулло Абдуллоев

Сайдулло Абдуллоев, ки аз соли 1995 то охири умр – моҳи май соли 2001 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дошт, хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод буда, солҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси муаллим, дотсент, муовини декан ва декани факултети таърих ва ноиби ректор ифои вазифа кардааст.

Ӯ доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва беш аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ ба нашр расонидааст.

Соли 1946 – Мавлуди Рустам Муқимов, меъмори тоҷик.

Соли 1948- Зодрӯзи Гулсара Абдуллоева ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А В. Луначарскийи Москва (1971). Аз соли 1971 актрисаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов.

Дар саҳнаи театр бештар аз 100 рол офаридааст, ки беҳтаринашон Сайёрахонум («Робиаи Балхӣ»-и А. Атобоев, 1974), Васса Железнова («Васса Железнова»-и М. Горкий, 1976), судя-модар («Арӯс ва домод»-и М. Байҷиев, 1983), Попоян («Ҳамин тавр ҳам мешавад»-и В. Назаров, 1985), Ситорабону («Ибни Сино»-и Ш. Қиёмов) мебошад.

Гулсара Абдуллоева

Гулсара Абдуллоева яке аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик мебошад. Ӯ симои модаронро хубу табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офаридааст, муборизу фаъоланд, одамонро ба ободонии Ватан, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд. Махсусан муроҷиати модар ба оламиён дар иҷрои ӯ самимию таъсирбахш садо медиҳад.

Гулсара Абдуллоева дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 нақшҳоро бозидааст.

Соли 1961 – Зодрӯзи Хурсандмурод Зарифов, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хурсандмурод Зарифов

Хурсандмурод Зарифов, бародари овозхон Қобил Зарифов ҳамчун ҳунарманде бо садои ҷаззоб ва сабки иҷрои хос дар рушди мусиқии классикии тоҷик саҳм гузоштааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфта, солҳои зиёд дар дастаи “Зарафшон” таҳти роҳбарии Ҷӯрабек Муродов фаъолият кардааст. Ӯ бо маҳорати хоси иҷроии худ таронаҳои классикиро дар шохаҳои овозии мақомҳо, аз ҷумла “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори Ороми ҷон”, “Ироқи Бухоро” ва дигар намунаҳо сабт кардааст.

Соли 1962 – Зодрӯзи Мирзонабӣ Холиқзод, рӯзноманигори тоҷик.

Мирзонабӣ Холиқзод

Мирзонабӣ Холиқзод пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавӣ ба фаъоляит пардохта, баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст. Ӯ соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд.

Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ ба фаъолият пардохт ва муддате роҳбарии дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе бар уҳда дошт.

Соли 1971 – Зодрӯзи Раъно Бобоҷониён, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Соли 2024 – Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик дар синни дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.

Давлатманд Холов

Ӯ аз соли 2004 бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он ба фаъолият пардохтааст.

Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва беш аз 200 оҳанг ба мерос гузошт. Сурудҳои маъруфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дур машав” маҳсуб меёбанд.

Даргузашти ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузург барои санъати тоҷик унвон карда, гуфтанд, ки марҳум дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бориз гузошт ва баъди устод Одина Ҳошим фалакро дунявӣ кард.

Соли 2014 – Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст. Номбурда солҳои гуногун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти адабиёт яке аз заминагузорон буд.

Худойназар Асозода

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст. Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1911 дар ҳамин рӯз аввалин маротиба почта тавассути ҳавопаймо интиқол дода шуд. Парвози аввалин дар таърихи почтаи ҳавоӣ дар Ҳиндустон аз Аллоҳобод ба Наини сурат гирифт. Ҳавопаймо, ки ҳомили 6,5 ҳазор нома ва 250 корти махсус буд, аз ҷониби халабони фаронсавӣ - Анри Пике идора мешуд.


Номаҳо бо муҳри махсус бо навиштаҷоти: “First aerial post. U. P. Exhibition. Allahabad. 1911” (“Аввалин почтаи ҳавоӣ. Намоишгоҳи иттиҳоди миллӣ. Аллоҳобод. 1911”) мӯҳр зада шуданд.

Маблағи аз интиқоли почта бадастомада барои дастгирии донишҷӯён ба меҳмонхонаи “Оксфорд ва Кембриҷ” дода шуд.

18 феврали соли 1930 астроном Клайд Томбо сайёраи Плутонро кашф кард. Ҳуқуқи номгузории он ба расадхонаи Ловелл, ки Томбо дар он ҷо кор мекард, тааллуқ дошт. Пешниҳодоти гуногуни ном барои сайёра аз саросари ҷаҳон ворид шуданд ва аввалин шуда духтари 11-солаи англис Венесия Берни номи “Плутон”-ро пешниҳод намуд.


Ҷолиб аст, ки дар моҳи августи соли 2006, дар анҷумани Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ дар Прага, Плутон аз рӯйхати сайёраҳои системаи офтобӣ хориҷ карда шуд ва акнун ҳамчун “сайёраи карликӣ” (сайёраи хурд) шинохта мешавад.

Пас аз хориҷ шудани Плутон, танҳо 8 сайёра дар системаи офтобӣ боқӣ монданд: Меркурий, Зӯҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун.

18 феврали соли 1942 дар баҳри Кариб бузургтарин киштии зериобии фаронсавӣ - “Сюркуф” ғарқ шуд. Он то замони сохтани киштии зериобии ҷопонии I-400, бузургтарин киштии зериобӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешуд.


Тибқи маълумоти расмӣ, “Сюркуф” шаби 18 феврали 1942 пас аз бархӯрд бо киштии ҷангии ИМА - “Томсон Лайкс” ғарқ гардид.

Аз он вақт, на худи киштӣ, на одамон ва на ҳеҷ як қисмҳои он пайдо нашуданд. 130 маллоҳ бо зериобӣ бедарак шуданд.

18 феврал Рӯзи байналмилалии батарея таҷлил мешавад. Интихоби ин рӯз ба таваллуди Алессандро Волта, олими машҳури итолиёвӣ, яке аз поягузорони илми барқ, ки 18 феврали соли 1745 таваллуд шудааст, алоқаманд аст.


Номи Алессандро Волта дар таърих бо воҳиди ченкунии шиддати барқ – “волт” сабт шудааст. Яке аз ихтироҳои муҳими ӯ батареяи аввалини барқӣ – “сутуни Волта” мебошад, ки асоси батареяҳои муосир гардид.

18 феврал ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии тушбера (пелмен) ҷашн гирифта мешавад.

Ҷолиб аст, ки калимаи “пелмен” аз забонҳои уғро-финӣ гирифта шуда, маънояш “гӯшти нонӣ” аст. Он яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи мардум дар саросари ҷаҳон буда, аввалин зикри он дар осори таърихӣ ба асри XV рост меояд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона аз 9+14º гарм то 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-35º сард, рӯзона 6-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм,  рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.