Соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои рушди вилояти Хатлон беш аз 1 миллион доллар маблағ равон кардаанд. Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.
"Ин натиҷаи сафари соли гузаштаи мо ба Русия ва мулоқот бо соҳибкорон – зодагони вилояти Хатлон мебошад. Мо дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия бо ҳамватанонамон вохурдем, бо онҳо суҳбат кардем ва онҳоро мутмаин сохтем, ки ба рушди ватани худ саҳм гузоранд. Онҳо ба кӯмак оғоз карданд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо иштироки ҳамватанон дар вилоят корхонаҳои хурду миёна, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона ва марказҳои тиббӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, саҳмашон дар самти таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ зиёд аст.
Ӯ таъкид кард, ки саҳми онҳо аз ҳама бештар дар се ноҳия Фархор, Қубодиён ва Дӯстӣ ба чашм мерасад.
Дар ҳамин ҳол, Давлат Сабурзода, раиси ноҳияи Қубодиён низ ҳафтаи гузашта аз саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ дар сохтмони иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ тавсиф кард.
“Ҷавонони мо, ки имрӯз дар Русия ба тиҷорат машғуланд, ба рушди зодгоҳашон оғоз карданд. Ҳоло бо маблағгузории онҳо дар ноҳия ду боғчаи кӯдакон (бо 400 ва 150 ҷой), як мактаби нави сеошёна бо арзиши 600 ҳазор доллар, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо, хатҳои обтаъминкунӣ бо арзиши тахминан 300 ҳазор доллар ва таъмири роҳҳои автомобилгард анҷом дода мешавад. Дар соли 2024 мо 27,5 км роҳҳои мошингардро таъмир кардем ва имсол боз 5 км роҳро таъмир хоҳем кард», – гуфт Давлат Сабурзода.
Ёдовар мешавем, ки як сол пеш Давлаталӣ Саид бо раисони чанд шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Русия сафар карда дар чанд шаҳру вилоятҳои он бо соҳибкорони зодаи вилоят суҳбату вохури анҷом дода, онҳоро ба корҳои ободонӣ дар зодгоҳашон даъват карда буд.
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Саломатии кӯдаке, ки дар Хуҷанд зери мошин монд, муътадил арзёбӣ мешавад
Огоҳии Бонки миллӣ аз зиёдшавии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути "Telegram" ва "WhatsApp"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дӯстии муш бо қурбоққа”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати ҳарбии баҳориро имсол барвақттар имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 феврали соли 2025
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста