Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) аз 1 апрел то 31-уми май дар ин давра ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Фармони раисҷумҳур дар мавриди даъвати ҳарбии баҳорӣ дар муқоиса ба солҳои пеш тақрибан як моҳ пештар имзо шуд. Масалан, фармони даъвати баҳории соли гузашта 6-уми марти соли 2024 имзо шуда буд.
Дар фармон, ки шоми 19-уми феврали соли равон дар сомонаи президент нашр шуд, гуфта мешавад, ки онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар “ба эҳтиёт рухсат дода шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбиро вазифадор кардааст, ки “даъвати муташакилонаи шаҳрвандонро бо дарки масъулият” ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи телевизион ва радио вазифадор гардидаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври густурда инъикос карда, хидмати ҳарбиро “ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд”-и Тоҷикистон” тарғиб кунанд.
Дар ин баробар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар кунад.
Дар Тоҷикистон мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Солҳои охир мақомот кӯшиш мекунанд, дар рӯзҳои аввали маъракаи давъати ҳарбӣ нақшаро иҷро кунанд. Ҳарчанд чандин сол пеш то охири мавсим нақшаро иҷро мекарданд. Коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои аслии пеш аз муҳлат иҷро кардан ин барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз сӯи комиссариатҳои шаҳру навоҳии кишвар аст.
Чанде пеш бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.
Ӯ то ин дам муовини якуми вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд. Собирзода дар ин вазифа ба ҷойи Шералӣ Мирзо интихоб шуд.
Дар давраи роҳбарии Шералӣ Мирзо як қатор мушкилиҳо дар соҳаи мудофиаи кишвар расонаӣ шуд, ки вазири навро мебояд онро ҳал кунад. Вазири нави дифоъ бояд кадом мушкилотро бартараф кунад? Дар ин матлаби мо хонед.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста