Дар рӯзҳои истироҳатии наврӯзӣ “Азия-Плюс” ба суроғи Зариф Ғулом - адиби тоҷик, ки бо асарҳои ҷолиб ва эҷодиёти моҷароиаш шӯҳрати зиёд касб кардааст, рафт ва аз рӯзгору корномааш пурсон шуд.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки “тамоми талошамро барои шинасоии амиқи инсон ба инсон, тарғиби некӣ ва мазаммати нерӯи бадӣ сарф кардам, то ки асарҳоям хонандаро водор созад, ки зебо зиндагонӣ кунад”.
Нигоҳе ба корномаи Зариф Ғулом
Зариф Ғулом соли 1944 дар деҳаи Кангурт, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №33 гирифта, пасон ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро бо дипломи ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар фаъолият намудааст.
Ба андешаи Зариф Ғулом, “адабиёт дарвозаест ба дунёи нав, ки дар он мо шоҳиди ҳаёти зебо ва идеалӣ мешавем”.
Нависанда дар таърихи 1998 ба адабиёт ворид шуд ва бештар маъруфияти худро бо асарҳои таҳқиқи моҷаро (детектив) навиштааш соҳиб гардид.
Асари “Парвоз” (1998), ки аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш буд, шоҳиди қобилиятҳои адиб унвон мешавад. Романҳо ва ҳикояҳояш, ба монанди “Бори каҷ – дар роҳи каҷ” (2011) ва “Ҳақиқати талх” (2019), на танҳо воқеаҳои ҷиноятиро бо навъи фарқкунандаи бадеӣ тасвир мекунанд, балки манзараи рафтори инсонҳоро дар шароити душвор таҷассум менамояд.
Эҷодиёти Зариф Ғулом аз оғоз то имрӯз бештар ба жанри моҷароӣ ва детектив иртибот мегирад. Асарҳои ӯ бо мавзӯъҳои мухталифи ҷиноят ва ҷанбаҳои марбут ба ҳуқуқ, адолат ва ахлоқии ҷомеа марбутанд. Ба хусус, романи “Бори каҷ – дар роҳи каҷ” (2011) ва “Табаддулот” (2018) мисолҳои маъруфи эҷодиёти Зариф Ғулом дар жанри моҷароӣ мебошанд.
Воқеан, асарҳои бадеии Зариф Ғулом ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, диққати на танҳо хонандагони тоҷик, балки дӯстдорони адабиёти русӣ, ӯзбекӣ, олмонӣ ва англисиро низ ҷалб кардааст. Ӯ барои фаъолияти худ дар адабиёт, ки бо эҷоди қиссаву ҳикояҳо, романи таърихӣ ва таҳқиқи моҷаро иртибот мегирад, унвонҳои адабӣ ва чандин ҷоизаҳо ба даст овардааст.
“Ҳар як асар барои ман як паёми амиқ дорад: дар ҳар рухдод, дар ҳар монологу диалогу амал, инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад. Агар ин тавр шавад, дунё басо зебо мешавад”, - мегӯяд Зариф Ғулом.
Дар бораи насри моҷаро
Ин нависанда мегӯяд, ҳикояву романҳояш аксаран дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва муҳити мақомоти қудратӣ ва додгоҳӣ нигошта шудаанд. Яъне мавзӯҳое, ки дар пайи таҷрибаи кориаш шоҳид шуда ва натавонистааст онҳоро рӯи қоғаз наорад. Ба қавли ӯ, ин асарҳо тасаввуроти хонандагонро дар бораи ин ниҳодҳо ва қазияҳои пурмоҷаро дигар месозад.

Романи "Табаддулот", ки дар соли 2018 нашр шуда, як намунаи хуб аз эҷодиёти моҷароии Зариф Ғулом мебошад.
Ин асар ба таҳқиқи ҳаводиси “баҳманмоҳи хунин” дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Моҷаро дар ду давлат - Тоҷикистон ва Русия – рух медиҳад ва таҳқиқи ҷиноятҳое, ки дар он ҷо садо медиҳанд, хонандаро ба такон меорад.
Қаҳрамони асосии ин асари моҷароӣ, ки замони ҷанги шаҳрвандиро фаро мегирад, Солеҳҷон Ҷӯраев аст. Ӯ қаҳрамони воқеӣ аст, ки он солҳо муфаттиши Додситонии кулли кишвар буд ва баъдан муддате дар вазифаи додситони кул ҳам фаъолият кард.
Муаллиф бо ин роман ҷаҳони пасипардагии мақомоти қудратиро ошкор кардааст ва дар асоси моҷаро принсипҳои адолатҷӯиву адолатхоҳиро тарғиб карда, ҳақро ба ҳақдор расонидааст.
Хусусияти ҷолиби роман дар шеваи адабии комил, қазияи пурпечутоб ва таъсирнокиаш аст, ки хонандаро ҷазб мекунад.
“Ҳар як қаҳрамон дар асарҳои ман душвориҳо ва муаммоҳои худро дорад. Ин як роҳи адабӣ аст, ки хонандаро водор ба андеша месозад. Нависандае, ки асараш хонандаро ба фикр водор намекунад, беҳтар аст, аз баҳри қаламкашӣ барояд, на худро ғам диҳад ва на хонандаро”, - мегӯяд Зариф Ғулом.
Назари дигарон дар бораи эҷоди Зариф Ғулом
Эҷодиёти Зариф Ғулом аз ҷониби адибон ва мунаққидон низ нақд шудааст. Ба гуфтаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода, адиб Ғулом Зариф хеле мушоҳидагор, таҳлилгар ва дақиқназар аст.
Кароматулло Мирзоев, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар бораи қаҳрамони мо мегӯяд, “хусусияти фарқкунандаи эҷодиёти Ғулом Зариф дар он аст, ки офаридаҳояш дар хотири хонанда мемонад”.
Профессор Атахон Сайфуллоев дар таҳлили эҷодиёти Зариф Ғулом таъкид мекунад, ки адиб дар як давраи хос барои адабиёти Тоҷикистон ба майдони адабӣ ворид шудааст ва бо асарҳои “Ҳукми дил”, "Ҷодугар" ва "Парвоз" шӯҳрати зиёд ба даст овард. Ба фикри ӯ, Зариф Ғулом дар эҷодиёти худ рамзи одамгарӣ, ватанпарастӣ ва ахлоқиро ба таври амиқ баёни мекунад.
Профессор Фарҳод Ҳусейнзода романи "Табаддулот"-ро ҳамчун намунаи беҳтарин эҷодиёти Зариф Ғулом меномад.
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста