Рӯзи 23-юми январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини якуми вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд. Собирзода дар ин вазифа ба ҷойи Шералӣ Мирзо интихоб шуд. Номзадии ӯ ба ин маснад барои тасдиқ ба Маҷиси миллӣ фиристода шудааст.
Шералӣ Мирзо 12 сол вазири мудофеъи Тоҷикистон буд, ҳамакнун сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд. Дар давраи роҳбарии Шералӣ Мирзо як қатор мушкилиҳо дар соҳаи мудофиаи кишвар расонаӣ шуд, ки вазири навро мебояд онро ҳал кунад. Ҳарчанд Эмомалӣ Собирзода барои ҷомеа ва расонаҳо шахси камошно аст.
Эмомалӣ Собирзода кист?
Эмомалӣ Собирзода 52-сола дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи “Академияи умумиқушунии Қувваҳои Мусаллаҳ”-и Федератсияи Русия мебошад.
Аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба Собирзода соли 2018 рутбаи генерал-майор супорида шудааст. Номбурда ҳамчунин дорандаи медали “Ҷасорат” ва ордени “Спитамен дараҷаи 2-юм” аст.
Эмомалӣ Собирзода фаъолияти ҳарбӣ-низомии худро ба унвони командир аз соли 1992 оғоз карда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисмҳои низомӣ хидмат кардааст. Солҳо ҳамчун сардори ситодҳои гуногун фаъолият кардааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2010 ба вазифаи фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Тоҷикистон таъин шудааст ва панҷ сол дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз ин пештар сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буд.
Бо фармони раиси ҷумҳур 24-уми ноябри соли 2015 Эмомалӣ Собирзода ба ҷои генерал-майор Зариф Бобокалонов, муовини якуми вазири мудофиа- сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин гардид.
Ӯ давоми даҳ сол дар ин вазифа фаъолият кард.
Собирзода замони фаъолияташ дар Вазорати мудофиа барои расонаҳо ва ҷомеа чеҳраи камошно буд. Ӯ асосан дар ҷаласаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчуни намояндаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон баромад мекард.
Шералӣ Мирзо кист ва дар 12-соли вазириаш чӣ корҳоро кард?
Шералӣ Мирзо 58-сола дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Ӯ Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ - муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Номбурда солҳои 2004- 2005 дар вазифаи Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва солҳои 2005-2006 муовини вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2013 Шералӣ Мирзо вазири мудофиа Тоҷикистон интихоб шуд ва то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дошт.
Номи Шералӣ Мирзо дар пайванд ба ошӯби нофарҷоми соли 2015 дар соли 2015 расонаӣ шуд. Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки мақомот ӯро раҳбари “ошӯб” медонистанд ва тайи амалиёте дар Ромит кушта шуд, муовини ӯ буд.
Дар замони роҳбарии Шералӣ Мирзо дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон “сарбозшикор” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш, вуҷуди “дедовшина” дар кисмҳои ҳарбии кишвар аз масъалаҳои мубрами ин ниҳод буд.
Ҳамчунин, дар давраи вазирии ӯ дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ гардид.
Ҳамчунин мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро пешниҳод карданд. Вале ҳамаи ин имтиёзҳо “дасту дили ҷавонон”-ро барои хидмат гарм накард. Мушкили ҷалби ҷавонон ба артиш то ҳол идома дорад.
Вазири нави дифоъ бояд кадом мушкилотро бартараф кунад?
Бо вуҷуди ин дар 12-соли роҳбариаш вазири қаблӣ масъалаи “сарбозшикор” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артишро ҳал карда натавонист. Шералӣ Мирзо ва дигар намояндагони мақомот ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ва “дедовшина”-ро ҳеҷ гоҳ эътироф намекарданд.
Худи Эмомалӣ Собирзода ҳамакнун вазири нави дифоъ, замони муовини якуми вазири мудофеъ буданаш соли 2021 дар баҳс бо баъзе вакилони порлумон гуфта буд, ки “дедовшина” дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад”.
“...ҳамон сарбозе, ки имрӯз ба хидмат меояд баъзеаш аз падару модар тарбия нагирифтааст ва падару модар фарзандашро барои ин ки тарбия бигирад ба артиш мефирситад. Категорияе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳаст албатта вазифаи мо аст, лекин қисми ҳарбӣ маҳбасхона нест”,-гуфта буд Собирзода.
Бояд гуфт, ки дар баробари мушкилоти вобаста ба хидмати ҳарбӣ Шералӣ Мирзо, дар вақти вазири дифоъ буданаш ба мавод ё хабарҳои танқидӣ, ки ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ рабт дорад, вокуниш намекард.
Вақте, маъракаи давъати наваскарон ба сафи Артиш оғоз мешуд ва дар раванди он шикоятҳо дар бораи “сарбозшикор” ё “облава” бо аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар расонаҳо зиёд расонаӣ мегардид. Аммо Вазорати мудофиа, аз ҷумла худи вазир дар бораи ин хабарҳо вокунише намекард.
Ҳамчунин маркази матбуоти ин вазорат нисбатан фаъол аст, аммо барои шарҳи масоили доғ, аз ҷумла дар ҷараёни даъват ба сафи Артиш аксар вақт барои рӯзноманигорон дастнорас аст.
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста