Намояндаи сатҳи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас раёсати вохӯриро дар сатҳи вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ (ОМ) ба уҳда хоҳад дошт. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 март дар Ашқобод (Туркманистон) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Ба ҷуз омодагӣ ба нахустин дар таърих нишасти ИА - Осиёи Марказӣ дар Самарқанд рӯзҳои 3-4 апрели соли 2025, ба маҷмӯи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина ба минтақа, инчунин нақлиёт, алоқаи рақамӣ, аёши хоми муҳим, энергетика ва захираҳои обӣ, савдо, робитаҳо байни одамон, маориф ва таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд”, - омадааст дар хабар.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар сатҳи вазирони ИА - ОМ баёния (коммюнике)-и муштарак қабул карда мешавад.
Пеш аз вохӯрӣ Кайя Каллас бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳҳамедов, инчунин вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтушунид мекунад.
Роҳбари дипломатияи Аврупо аз Ашқобод ба Ӯзбекистон раҳсипор шуда, бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва вазири умурии хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дидопру гуфтушунид анҷом медиҳад.
Сипас ӯ ба Алмато рафта, рӯзи 28 март бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва вазир корҳои хориҷии ин кишвар Мурат Нуртлеу вомехӯрад.