Дар Тоҷикистон 31-уми март (душанбе) рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Ин бо назардошти он ки Иди Рамазон 30-юми март (рӯзи якшанбе) дар рӯзи истироҳатӣ таҷлил мешавад ва тибқи қонун 31-уми март истироҳатӣ аст.
Мувофиқи қисми 5-и моддаи 89-и Кодекси меҳнати кишвар, агар ид ё ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост биёяд, аввалин рӯзи кории пас аз ин рӯз истироҳатӣ аст. Тибқи қонун дар бораи рӯзҳои ид Иди Қурбон дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст.
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-плюс” гуфтанд, рӯзи 31-уми март дар тамоми муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла макотиби миёнаву олӣ рӯзи истироҳатӣ аст. Ин рӯз дар дигар муасссиаҳои давлатӣ ҳам истироҳат эълон шудааст.
Хонандагони мактаб, ки бо назардошти таътили баҳорӣ ва иди Наврӯз аз 21 март то 30-юми истироҳат доштанд, ҳамакнун рӯзи 31-уми март ҳам истироҳат карда, аз 1-уми апрел ба мактаб мераванд.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи март сокинони кишвар 15 рӯзи истироҳат доштанд. Рӯзи модар, ки дар кишвар 8 март таҷлил мешавад, ба рӯзи шанбе рост омад, бинобар ин, сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил доштанд.
Ҳамчунин, бо назардошти ба рӯзи шанбе ва якшанбе рост омадани ду рӯзи Наврӯз сокинон дар ин ҷашн аз 21 март то 27 март истироҳат доштанд. Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март бо шумули рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо 16 рӯз истироҳат доранд: 1, 2, 8, 9, 10, 15, 16, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 29, 30 ва 31 март.
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста