Имсол дар таътили баҳорӣ хонандагони мактабҳои Тоҷикистон 10 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз  Вазорати маорифи кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, таътили баҳории хонандагон расман 5 рӯз (аз 25 то 29 март) аст, вале бо иловаи рӯзи якшанбеи 30-юми март ва рӯзҳои расмии истироҳат дар ҷашни Наврӯз, ки аз 21 то 24 март рост меояд, хонандагон дар маҷмуъ 10 рӯз истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, хонандагон рӯзҳои 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30 таътил хоҳанд кард.

Аз Вазорат гуфтанд, агар Иди Рамазон дар рӯзи корӣ, масалан 31-уми март рост ояд, хонандагон дар ин рӯз ҳам аз дарсҳо озоданд.

 

Таътили тобистона зиёд карда шуд

Ёдрас мешавем, ки муҳлати таътили мактабӣ дар кишвар тағйир ёфтааст. Ҳоло таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7-рӯз ва баҳорӣ 5-рӯз мебошад.

Қаблан хонандагон дар давоми соли хониш 10 рӯзӣ таътил доштанд: дар тирамоҳ (аз 1 то 10 ноябр), дар зимистон (аз 1 то 10 январ) ва дар баҳор (аз 21 то 31 март). Тибқи ҷадвали нав, таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, таътили зимистона аз 1 то 7 январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29 март давом хоҳад кард.

Соли таҳсили 2024/2025 (бе ҳисоб кардани аттестатсияи ҷамъбастӣ) 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ 34 ҳафта муайян шудааст.

Ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Дар Вазорати маориф ва илм таъкид намуданд, ки кӯтоҳшавии таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ бо мақсади зиёд кардани таътили тобистона сурат гирифтааст.

«Бо дарназардошти тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 коҳиш ёфт, дар ҳамин ҳол, чоряки чаҳорум на 14 июн, балки 31 май ба анҷом мерасад. Дар натиҷа, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июн оғоз хоҳад шуд», – хабар додааст Вазорати маориф.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.