Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии терроризм (GTI)-2025, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (IEP) таҳия шудааст, Тоҷикистон зинаи 70-умро касб кард. Ҷумҳурӣ ба гурӯҳи кишварҳо бо хавфи сатҳи пасти терроризм дохил шуд. Ӯзбекистон ва Беларус (ҳарду зинаи 90-ум) низ дар ин сафанд.

Аз ҳама амнтар дар минтақа Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд.

Ба сурати умум вазъ дар минтақаи Авруосиё бад шудааст: шумори ҳамла ва ҷабрдидагон афзудааст. Дар минтақа тайи як сол 18 ҳамла сурат гирифта, бар асари онҳо 199 нафар ҳалок шуданд. Ин нишондиҳандаи баландтарин аз соли 2010 мебошад.

Дар радабандии ҷаҳонӣ кишварҳои Буркаина Фасо (8,5 балл), Покистон (8,3) ва Сурия (8), ки дар онҳо ҳамлаҳои оммавӣ ва низоъзои мусаллаҳона идома доранд, хатарноктарин давлатҳо эътироф шудаанд. Русия дар зинаи 16-ум (6,2 балл), Украина - 45, ИМА - 34 ва Олмон - 27-ум қарор доранд.

Шохиси ҷаҳонии терроризм (Global Terrorism Index) аз таҳқиқоти комплексие иборат аст, ки сатҳи фаъолмандии террористиро дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад. Он аз ҷониби Гурӯҳи байнулмилалии коршиносон бо дастгирии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics and Peace)-и назди Донишгоҳи Сидней (Автралия) таҳия шудааст.

Шохис фаъолмандии террористиро аз рӯи чор нишондиҳандаи асосии зерин месанҷад:

- шумори ҳодисаҳои террористӣ;

-теъдоди ҳалокшудагон;

- теъдоди ҷабрдидагон;

- сатҳи зиёни моддӣ.

Ҳамчунин омилҳои иловагии ғайримустақими марбут ба хавфи террористӣ ба назар гирифта мешаванд. Аҳаммияти индекс аз 0 то 10 фарқ мекунад: ҳар қадар нишондиҳанда баландтар бошад, ҳамон қадар таъсири терроризм дар кишвар бештар аст. Дар кишварҳое, ки дар садри феҳрист қарор доранд, хатари терроризм бештар баланд дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.