Имрӯз, 11-уми март аз соати 8:00 то 18:00 дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе барқ хомӯш мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт хабар дода, навиштааст, ки қувваи барқ бо сабаби васлу насби таҷҳизот дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” қатъ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмир дар баъзе мавридҳо “қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”.
Барқ дар минтақаҳои мазкур қатъ карда мешавад:
Дар ноҳияи Шоҳмансур:
дар кӯчаҳои: Рӯдакӣ 29/9 (бинои “Ватан”), Рӯдакӣ 15/1, Рӯдакӣ 11, Фурудгоҳ 18, Мавлоно 245, Мастонгулов 30, Фурудгоҳ 5, Мастогулов 38/1, Мастогулов 38, Айнӣ 51/1, Айнӣ 16 Блоки А, Айнӣ 215.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ:
дар кӯчаҳои: Н. Қарабоев 53, Н. Қарабоев 28/1, Н. Қарабоев 92/2 Блоки 3, Крупский 3, Н., Қарабоев 4 гузари 1, Гравзавод 1-А, Н. Қарабоев 138-Б, Фирдавсӣ 5/13, Шоҳтемур 25, Гравзавод 2-А, Борбад 80, Қаҳоров 135, 50 солагии Тоҷикистон 11, Борбад 66, Борбад 72, 50 солагии Тоҷикистон 7,Борбад 48/15, Борбад 92, Деҳотӣ 9/4, Борбад 54, Борбад 56, Гравзавод 3, Борбад 58, Борбад 102, Борбад 50/3, Ҳусейнзода 10/1, 12 ТП-3521, 343/2,Н. Қарабоев 89/1 (2).
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми март низ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ гардида буд. Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ гардид.
Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ аст. Аммо сокинони пойтахт ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.
Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста