Даромади корхонаҳое, ки на камтар аз нисфи коргаронашон маъюбонанд, аз пардохти андоз озод карда шуд.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекси андози Тоҷикистон, корхонаҳое, ки шахсони имконияташон маҳдудро бо кор таъмин мекунанд, дастгирӣ мешаванд.

Бар асоси иловаҳои воридшуда ба моддаи 160 -и Кодекси андоз (“Озод кардан аз пардохти андоз”), аз даромади корхонаҳое, ки дар он на камтар аз 50%-и теъдоди коргаронашонро маъюбон ташкил медиҳанд, андоз ситонида намешавад.

Ҳамчунин корхонаҳое, ки на камтар аз 50%-и музди меҳнат ва дастгирии моддӣ, аз ҷумла дар шакли натуралӣ ба эҳтиёҷоти маъюбон харҷ шудааст, чунин имтиёзҳо мегиранд.

Ин ҷо дар ҳарду ҳолат корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ-фурӯш ва захиракунӣ машғуланд, истисно мебошанд.

Ғайр аз ин, ба моддаи 347 (“Имтиёзҳо”)-и Кодекси андоз иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мувофиқи онҳо, объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъбони гурӯҳҳои I ва II ташкил медиҳанд, нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода мешаванд, аз пардохти андоз озод карда мешаванд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 1 феврали соли 2014 миёни аҳоли доимии Тоҷикистое 942 ҳазору 778 нафар маъюбӣ доранд, ки 10,33% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳанд.

Аз ин теъдод:

- маъюбони гурӯҳи 1 – 152 414 нафар (1,67% аз теъдоди умумии аҳолӣ);

- маъюбони гурӯҳи 2 – 357 763 (3,92%);

- маъюбони гурӯҳи 3 – 344 073 (3,77%);

- кӯдакони маъюб – 88 528 (0,97%).

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта бо санади ҷудогона дар Тоҷикистон соҳибкории иҷтимоӣ эътибори қонунӣ гирифт, ки ба дастгирии аҳолии аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, аз ҷумла маъюбон  равона шудааст.

Дар назар буд, ки баъди қабули қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” давлат бо пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо чунин корфармоҳоро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла зимни иштирок дар фармоишҳои давлатӣ, инчунин тариқи пешниҳоди кумакҳои гуногун аз фондҳои давлатии мақсаднок ва ғайра.

Нишондиҳандаи асосӣ барои муайян кардани соҳибкори иҷтимоӣ ҳиссаи кормандони мансуб ба гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошад: ҳиссаи чунин шахсон дар корхона бояд на кматар аз 50% аз теъдоди умумии кормандонро ташкил диҳад. Ғайр аз ин, фонди пардохти маоши гурӯҳои осебпазири аҳолӣ бояд на камтар аз 50%  аз фонди умумии пардохти музди меҳнати кормандон бошад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки на камтар аз 50% фоидаи соли тақвимии гузашта барои амалисозии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ дубора сармоягузорӣ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.