ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 МАРТ
Соли 2003 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон муҳлати қонунигардонии маблағҳои пулӣ барои шаҳрвандони кишвар муқаррар карда шуд.
Соли 2011 – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду халабон – шаҳрванди Русия В.Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.Руденкоро бо гумони убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои нақлиёти байналмилалӣ боздошт карданд. Ин парванда бинобар вокуниши бузурги ҷамъиятӣ номи “Парвандаи халабонҳо”-ро гирифт.
Соли 2013 – Терминали марказии нақлиётии пойтахт (автовокзал) пас аз навсозии куллӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2020 – Дар ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи пойтахт (даъвати шашум) шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои узвият ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Шариф Бобокалонов, оҳангсоз ва мутриби тоҷик.
Шариф Бобокалонов яке аз аввалин тарғибгарони мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар таҳкими оркестри созҳои халқӣ ва рушди мусиқии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст ва як қатор суруду асарҳои ӯ, аз ҷумла “Марши зафар”, “Конститутсияи мо”, “Шамшери бурро” ва “Қаҳрамон омад” то ҳол дар иҷрои гурӯҳҳои мусиқӣ садо медиҳанд.
Вай дар офариниши операи “Коваи оҳангар” (бо С. Баласанян) ва намоишномаи мусиқии “Сайл” (бо М. Светаев) саҳм гузоштааст ва муддате роҳбари ансамбли рубобнавозон буд.
Соли 1959 – Мавлуди Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири пешини рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли соли 1981 ва Донишкадаи молияи шаҳри Москваро соли соли 1986 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 1993 чанд моҳ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ буд. Баъдан, аз соли 1993 то 2000 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Як сол раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2001 то соли 2006 сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса, намояндаи Тоҷикистон дар созмонҳои аврупоӣ, Юнеско ва НАТО буд. Солҳои 2006-2008 ҳамчун раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, солҳои 2008-2012 ҳамчун раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва солҳои 2012 -2015 ба ҳайси вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст.
Як давра, аз соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2020 то ҳол директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад
Соли 1959 – Мавлуди Гулбаҳор Мирзоева, нависанда ва коргардони филм.
Соли 1960 – Зодрӯзи Иқбол Завқибеков, оҳангсоз, навозанда ва мустанадсози тоҷик.

Иқбол Завқибеков мусиқии шарқӣ ва суннати шифоҳиро дар Институти ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода омӯхтааст. Ӯ дар навохтани бисёре аз созҳои суннатии дар Осиёи Марказӣ маъмул, монанди рӯбоб ё сетор соҳибистеъдод аст.
Иқбол Завқибеков аз соли 1979 барои бахши синамо мусиқӣ меофарад ва чандин мусиқии филмҳоро сохтааст. Аз ҷумла, ӯ яке аз навозандагони аслӣ барои тафсири мусиқии матни филми “Падари моҳтобӣ” аст. Аз соли 2004 узви Иттиҳодияи филмсозони Тоҷикистон аст.
Соли 1960 – Мавлуди Салими Хатлонӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Салими Хатлонӣ таҳсилкардаи Институти адабии ба номи М. Горкий буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва дипломатӣ фаъолият кардааст. Дар баробари адои вазифаҳои масъули хидматӣ, кори эҷодиро ҳамеша манзури назар доштааст. Эҷодиёти ӯ шомили ашъори гуногунмазмун буда, ашъори шоирони ҷаҳониро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Маҷмӯаҳои шеъриаш “Аз пушти борон”, “Сапедасори булӯр”, “Фарёдҳо бар ёдҳо”, “Балоғати нур”, “Шабу шабобу шароб”, “Дар гуҳарбори садаф” дар шеъри муосири тоҷик мавқеи муҳим доранд. Дар таҳқиқоти илмии худ осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозиро таҳлил намуда, китобҳои “Най дар тасаввури Мавлоно”, “Ишқ сарманшаъи такомули инсон”, “Рамзофаринӣ ва таҷассуми симои тамсилӣ дар осори Мавлоно” ва “Тасвирофаринӣ дар осори Ҷалолуддини Румӣ”-ро ба нашр расонидааст.
Соли 1980 – Зодрӯзи Сӯҳроби Сафарзод, овозхони тоҷик, ки соли 2010 дар авҷи шуҳрат аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо сензураи интернетӣ таҷлил мешавад, ки бо ибтикори созмонҳои байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” ва “Афви байналмилалӣ” таъсис ёфтааст.

Фаъолони ин ҳаракат назорат кардани корбарони шабакаҳо, сомонаҳо ва блогҳои ҳомии ҳуқуқро ҳамчун фишор ба ҷомеаи ҳуқуқӣ ва озодиҳои мавҷуда арзёбӣ мекунанд.
12 марти соли 1832 дар балет бори аввал либоси бо номи “пачка” истифода шуд. Дар нахустнамоиши балети Жан Шнейсхоффер “Силфида”, ки дар Академияи шоҳии мусиқӣ ва рақс дар Париж баргузор гардид, дӯстдорони балет ин навовариро тамошо карданд.

“Пачка” тибқи тарҳҳои рассом ва тарроҳи машҳури фаронсавӣ Эжен Ламӣ дӯхта шуда буд. Дар ин балет нақши асосии “духтари ҳаво”-ро Мария Талони, балеринаи бузурги итолиёвӣ, ки ба рушди балети классикӣ таъсири назаррас расонидааст, бозид.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ананас аст. Ин меваи ширину андаке турш дар дастурхони бисёр кишварҳо мавқеи хоса дорад. Олимон онро ба гурӯҳи дақиқи растаниҳо дохил карда натавонистаанд, аммо аксарият онро ба меваҳо мансуб медонанд.
Зодгоҳи ананас Бразилия буда, аз ин кишвар ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст. Ин растанӣ ба Аврупо соли 1493 тавассути Колумб ва ба Ҳиндустон соли 1548 расид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, боришоти сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, бориши сусти борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Мақомот боз чанд фурӯшандаи дигарро барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо додаанд
Дар Душанбе Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ барои кор дар Корея кушода шуд
Украина тарҳи оташбаси 30-рӯза бо Русияро пазируфтааст. Ҷузъиёти музокироти ИМА ва Украина дар Ҷидда
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста