Тоҷикистон ҳамчун 17-умин давлат эътироф шуд, ки шаҳрвандонаш метавонанд расман ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ раванд. Ҳадафи кушодашавии “SC Маркази омӯзиши забони кореягӣ ва омодасозии касбӣ” саҳм гузоштан дар ин раванд мебошад.
“Дар як вақт Марказ метавонад то 200 донишомӯзро фаро гирад. Мо муаллимони ҳирфаӣ аз Корея, таҷҳизоти муосир ва барномаҳои натиҷабахш пешниҳод мекунем”, - мегӯяд Со Ҷон Ҳён, директори ин Марказ.
Ифтитоҳи марказ натиҷаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ буда, он дар асоси ёддошти тафоҳуми сеҷониба миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Федератсияи кориягии корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфт. Ин маркази омӯзишӣ бо дастгирии ширкати “Шодиёна Консалтинг” роҳандозӣ шудааст.
“Мо таълими босифат, дастгирӣ дар ҳар марҳила ва шароити муносиб барои рушди касбӣ ва мутобиқшавии муваффақона ба муҳити навро пешниҳод менамоем. Барномаи мо барои мардони аз синни 18 то 39 сола пешбинӣ шудааст. Барои донишҷӯёне, каз минтақҳао меоянд, ҳамаи шароити лозима аз ҷумла, хобгоҳ, се вақт хӯроки гарм ва муҳити босифати таълимӣ фароҳам оварда шудааст”, - мегӯяд Хуршед Ниёзов, намояндаи ин марказ.
Дар марказ ҷавононро бо забони кореягӣ, муҳити нави корӣ ва фарҳанги ин кишвар ошно мекунанд. Бартариятҳои он, воситаҳои муосири таълимӣ, муаллимони касбии кореягӣ мебошад.

Муҳити илҳомбахш водор мекунад, ки донишомӯзон то нимаи шаб таълим гиранд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, коргарон ва донишомӯзони марказ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд.
Маркази таълимӣ якчанд самтро фаро мегирад. Пас аз супоридани имтиҳонро марказ кӯмак мекунад, то хатмакардаҳо раводиди Кореяро ба даст оранд. Пас аз сафар ба ин кишвар онҳоро гурӯҳи махсус дастгирӣ мекунад, ба онҳо суғуртаи тиббӣ дода мешавад, кӯмакӣ ҳуқуқӣ мерасонанд ва ҳамчунин, дар марказ шабонарӯзӣ маркази тамос фаъол мебошад.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи “Манас” Содир Жапаров истиқбол гирифт
Манбаъ: Пагоҳ сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста