Дар Тоҷикистон дақиқ нест, ки чанд дарсади нерӯи қобили меҳнат ба кори ғайрирасмӣ машғул аст, вале коршиносон мегӯянд, онҳое, ки ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, бо вуҷуди меҳнати зиёд, даромади ночиз доранд ва аз дастгириҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Аслан, кӣ бештар ба кори ғайрирасмӣ ҳавасманд аст: коргар ё корфармо? Барои коҳиш додани он чӣ бояд кард?

Бояд гуфт, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040” асосан ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, музди меҳнати муносиб, таъмини иҷтимоӣ ва бехатарии меҳнат дар мамлакат равона гардидааст.

Дилафрӯз Назарова, зане аз ноҳияи Қубодиён ҳамроҳ бо 20 зани дигар ба ҳайси коргари кироя дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ғайрирасмӣ кор мекунад. Ӯ мегӯяд, аз аҳамияти бастани шартнома огоҳ нест ва корфармо низ дар ин маврид бо онҳо суҳбат намекунад.

Кори онҳо бо оғози мавсими кишт шурӯъ шуда, то мавсими ҳосилғундорӣ идома меёбад. Дилафрӯз ва ҳамроҳонаш дар як рӯз 70-100 сомонӣ ва ва баъзан маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меоранд ва аз он қонеъ ҳастанд.

“Мо - гурӯҳи кироякорон кор карда, ҳаққи корамонро мегирем. Шартнома чӣ аст, намедонам. Аммо худам замин дорам ва бо дафтарчаи меҳнатӣ таъмин ҳастам, ки аз рӯи он оянда ба нафақа мебароям”, - мегӯяд ин зан.

Дар Тоҷикистон заноне, ки мисли Дилафрӯз ва ҳамроҳонаш ғайрирасмӣ кор мекунанд, кам нестанд. Онҳо бо вуҷуди даромади кам заҳмат мекашанд, вале меҳнаташон аз сӯи корфармо сабт намешавад, то оянда нафақаи хуб гиранд.

Дилафрӯз Назарова (аз чап шахси якум) бо ҳамкоронаш
Акс аз муаллиф

Шерзод Сангинов, роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар водии Вахш ҳамасола барои ҷамъоварии ҳосили кишк аз қувваи кории коргарони кироя истифода мебарад, вале бидуни бастани шартнома. Гурӯҳи занони кироякор дар баъзе ҳолатҳо аз 3 рӯз то як ҳафта кор мекунанд, ки ҳар яки онҳо ба гуфтаи Сангинов, дар як рӯз аз 70 то 100 сомонӣ мегиранд.

“Танҳо бо саҳмдоронамон шартнома дорем ва аз ҳисоби онҳо андоз месупорем. Бо коргарони кироя ба таври доимӣ не, балки дар ҳолати эҳтиёҷ пайдо шудан ва он ҳам бидуни шартнома кор мекунем”,-гуфт Сангинов.

Ба гуфтаи Субҳон Ашуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, қариб 60%-и қувваи корӣ дар хоҷагии қишлоқ кор мекунанд, ки даромади меҳнатияшон чандон баланд нест. Аз сӯи дигар, камбуди ҷойи корӣ онҳоеро, ки ба таври расмӣ кор мекунанд, маҷбур месозад, ба кори ғайрирасмӣ пардозанд.

Раҳматулло Бобомуродов, роҳбари шабакаи ташаббускорон дар вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳое дар самти омӯзиши ҳуқуқ ва истифодаи дурусти замин бо деҳқонон доштанд, мегӯяд, корфармоён аз будани шартнома миёни коргару корфармо огоҳанд, вале ба хотири пардохт накардани андоз аз ҳисоби коргар, аз бастани шартнома худдорӣ мекунанд.

“Набастани созишнома ба манфиати корфармо буда, ба зарари коргарон аст, ки оянда бо нафақаи кам таъмин мешаванд. Мизҳои мудаввару вохӯриҳо ташкил ва маърифати ҳуқуқии мардумро баланд бардоштан лозим аст, то ҳуқуқҳояшон поймол навашад”,- мегӯяд Бобомуродов.

Воқеан, ҳамасола мақомоти андоз садҳо андозсупорандаро барои ҷалби коргари ғайрирасмӣ ва ё дар қайд нагузоштан ҷарима мекунад.

Раҳматулло Бобомуродов
Акс аз саҳифаи фейсбуки Раҳматулло Бобомуродов

Ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ фаъолият карданро ҳуқуқшиносон ба ҳаққу ҳуқуқи худи шахс рабт медиҳанд, вале дар ҳолати пардохт накардани ҳақмузд аз ҷониби корфармо, муроҷиати коргар ба мақомот ғайриимкон аст, зеро асноде дар даст надорад.

“Шарнома - созиши ду тараф аст, аксарияти корфармоён бо коргарони кироя шарномаи шифоӣ мекунанд, на расмӣ. Дар давраи фаъолияти кории ман ҳолате шуда буд, ки корфармо пули коргаронро пардохт накард, аз сабабе, ки шартнома надоштанд, ба додгоҳ муроҷиат накардем, балки тариқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилашонро ҳал кардем. Ба таври расмӣ кор кардан беҳтар аст”,- гуфт Баротбой Қаюмов, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ таъкид мекунанд, ки кор бо шартнома ба манфиати ҳарду ҷониб - коргар ва корфармо аст. Ин на танҳо боиси ворид шудани маблағ ба буҷаи давлат мегардад, балки ба коргарон имкон медиҳад, ки дар оянда нафақаи беҳтару кафолатнок дошта бошанд.

Ҳамчунин, шароити расмии корӣ ба коҳиши ноамнӣ дар бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии коргарон мусоидат мекунад, ки ин омил дар рушди уствори иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Файзулло Табаров, як масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон шикояти баъзе нафақагирон ба идораҳои нафақаро тасдиқ кард ва гуфт, ки бо доштани собиқаи ками корӣ тибқи қонун онҳо бо нафақаи иҷтимоӣ таъмин мешаванд.

Файзулло Табаров

Аз 1-уми июли соли 2024 дар Тоҷикистон нафақаи иҷтимоӣ ба 195 сомонӣ баробар аст. Онҳое нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, ки собиқаи корӣ надоранд ва дар асоси нафақаи заминавӣ, ки он 325 сомониро ташкил медиҳад, 60% он, ки ба 195 сомонӣ рост меояд, ба нафақа мебароянд.

“Теъдоди нафақагирони иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ба ҳолати якуми январи соли 2025 14 ҳазору 758 нафар аст, ки маблағи умумии онҳо 5 миллиону 731 ҳазору 850 сомон ташкил медиҳад”,- гуфт Файзулло Табаров.

Субҳон Ашуров низ бо нафақаи кам таъмин шудани коргарони ғайрирасмӣ ва фирори корфармоён аз пардохти андозро тасдиқ кард ва гуфт, ки барои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар бояд мардумро аз аҳамияти кори расмӣ огаҳ кард, хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, назоратро аз болои корфармоён пурзӯр намояд ва барои корфармоён дар пардохти андоз имтиёз дода шавад.

Субҳон Ашӯров
Asia-Plus

“Яке аз омилҳои асосии ба кори ғайрирасмӣ қабул кардани корфармо пеш аз ҳама гурехтан аз пардохти андоз аст. Мувофиқи қонуни нави андоз, суғуртаи иҷтимоӣ барои кордиҳандагон аз 25 ба 20 фоиз поён оварда шуд, ки ин ҳам метавонад ба коҳиши кори ғайрирасмӣ мусоид намояд”,-гуфт Ашуров.

Барои муайян кардани омори коргарони ғайрирасмӣ дар кишвар, ба таъкиди Субҳон Ашуров, мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ҳади аққал дар як сол як маротиба тадқиқоти қувваи корӣ гузаронидан лозим аст.

Ба гуфти ӯ, чунин татқиқот дар Тоҷикистон охирон маротиба соли 2016 анҷом дода шуда буд. Арзёбии сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар тадқиқоти дахлдоро тақозо менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.