Дар вилояти Суғд сатҳи ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм дар соли гузашта зиёд шудааст. Дар ин давра додгоҳҳои вилоят беш аз 3 ҳазору ҳазору 508 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ кардаанд, ки аз ин 214 адад вобаста ба терроризм ва экстремизм аст.
Дар ин бора Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки ҳарчанд нисбат ба соли 2023 шумора умумии парвандаҳои баррасишуд 90 адад (2023-юм 3418), ва паврандаҳои вобаста ба терроризм ва экстрмизм 40 адад зиёд гардидааст (соли 2023-юм 174).
Аз ин ниҳод нагуфтанд, ки дар асосии баррасии парвандаҳо, махсусан парвандаҳои ба терроримзу экстримизм вобаста чанд нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Ба иттилои ӯ, додгоҳҳои вилоят соли 2024 аз ҷумла, нисбати 2 зан ва 3 ноболиғ оид ба ҷиноятӣ ифротгароӣ ҳукм содир кардаанд. Соли 2023-юм аз ин шумора 3 зан ва 2 ноболиғ буд.
Тибқи иттилои Тоҷиддин Ҳафиззода, аз ҳама бештар додгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд (70 парванда), Исфара (35 парванда) ва Истаравшан (24 парванда) паврандаҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро баррасӣ кардаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 13-уми гуфт, дар соли 2024-ум 1 ҳазору 750 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ошкор шуда, дар натиҷа 365 аъзо ва тарафдорони ин ҳаракату ташкилотҳо боздошт шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал гуфт, соли гузашта дар кишвар 1494 (соли 2023-юм 1228) ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2023-юм 226 адад ё 17,8 фоиз зиёд гардидааст.
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста