Дар намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025, ки аз 17 то 21 феврал дар Дубай доир мегардад, Тоҷикистонро 11 корхонаи коркарди хушкмева муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар медиҳад.

Зиёда аз 5500 ширкатҳо аз 130 кишвар молу маҳсулоти худро дар ин намоишгоҳи маъруфи саноати хӯрокворӣ пешкаш мекунанд. Тоҷикистонро ширкату корхонаҳои «Водии меваҳо», «Исфара Фуд», «Меваи Тиллоӣ», «Меваи Заррин», «Оро Исфара», «Тути Помир», «Висол Исфара» ва ғайра намояндагӣ мекунанд.

Иштироки онҳо дар доираи барномаи МТБ “Пешбурди тиҷорат ба шарқ: Давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ (ТРЕ)”, ки аз ҷониби Швейтсария маблағгузорӣ ва аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дастгирӣ мешавад, сурат гирифт.

Дар доираи чорабиниҳои Gulfood-2025 тоҷирони тоҷик дар форумҳои корӣ, семинар ва муколамаҳои соҳавӣ ширкат хоҳанд варзид.

“Ин чорабинӣ ба корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имконот ва пешбурди маҳсулоти худ, баррасии ҳамкориҳои имконпазир ва омӯзиши тамоилҳои нави бозор дар миқёси минтақа имкон медиҳад”, - зикр мегардад дар маълумоти МТБ.

Намояндаи ширкати «Исфара Фуд» Мӯъминҷон Маҳмадҷонов изҳор доштааст, ки “иштирок дар намоишгоҳ ба роҳандозии робитаҳои бештар мустақими корӣ ва густариши муносибатҳои шарикӣ бо мизоҷони имконпазир, таҳкими мавқеи тамғаҳо (брендҳо)-и мо дар бозори минтақа, роҳандозии робитаҳои нав, шиносоӣ бо тамоилу талабот ва интизориҳо аз бозор, инчунин омӯзиши молу маҳсулоти нав ва навгониҳо имкони хуб фароҳам меорад”.

Намоишгоҳи ҳамасолаи Gulfood ба сифати яке аз бузургтарин дар соҳаи саноати хӯрокворӣ маъруф аст. Намоишгоҳи кунунӣ бори 30-юм гузаронида шуда, дар он коршиносони варзидаи соҳа ва харидорон аз саросари дунё барои табодули идеяҳо, роҳандозии робитаҳо ва шарикии стратегӣ гирдиҳам омадаанд.

Лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ оид ба пешбурди савдо ба Шарқ (ТРЕ) аз ҷониби Котиботи давлатии масоили иқтисодӣ (SECO)-и Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз чор кишварҳоест, ки дар қатори  Ӯзбекистону Албания ва Сербия барои иштирок дар барномаи ТРЕ интихоб шудааст. Лоиҳа ба баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди устувори содироти корхонаҳои хурду миёнаи коркарди хушкмева, инчунин беҳбуди имконоти корхонаҳо ҷиҳати дастгирии тиҷорати пешниҳоди хидматрасониҳои баландсифат равона шудааст.

Давоми қариб 30 сол Швейтсария  ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 500 млн кумаки грантӣ пешниҳод кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.