Шурӯъ аз рӯзи 21-уми ноябр рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шудааст ва мошинҳои боркаш метавонанд бидуни он ҳудуди давлатҳои ҳамдигарро убур кунанд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз вазорат гуфтанд, ки онҳо пас аз тасвиби созишнома аз сӯи палатаи поёнии парлумон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи иҷрои расмиёти дохилӣ барои лағви рухсатнома огоҳ кардаанд.
Вале ҷониби Ӯзбекистон дар бораи бекор кардани рухсатнома бо Тоҷикистон то ҳол расман хабар надодааст.
Бар асоси маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, акнун мошинҳои боркаши ду кишвар метавонанд ба таври озод, бе зарурати гирифтани рухсатнома, ҳудуди кишварҳои ҳамдигарро убур кунанд.
Масъули як ширкати боркашонӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, чанд рӯз боз мошинҳои боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон бе рухсатнома равуо мекунанд, вале барои рафтан ба кишвари сеюм тавассути Ӯзбекистон он лозим аст.
“Танҳо транзит байни ду кишвар аз байн рафтааст. Як-ду нафар ронандаи дигар ширкатҳо баъди лағви иҷозатнома сарҳадро убур карданд. Онҳо гуфтанд, ки транзит аз байн бардошта шудааст, аммо агар ба тариқи Ӯзбекистон ба дигар кишвар рафтан хоҳӣ “дозвол” лозим мешавад”, - гуфтанд аз ширкати боркашонӣ.
Қаблан, барои аз қаламрави Ӯзбекистон гузаштани мошинҳои калонҳаҷми боркаш рухсатнома лозим буд, ки дар моҳҳои охир арзиши он баҳсбарангез гардид.
Аз ҷумла, моҳи январи соли равон ронандагон дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” аз мушкилоти дарёфти рухсатнома шикоят карданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин монеа сафарҳои тиҷоратии онҳоро сахт маҳдуд кардааст. Он замон Азим Иброҳим, вазири нақлиёт гуфта буд, ки ин санадро на худашон нашру дастрас мекунанд, балки аз Ӯзбекистон мегиранд.
Рухсатномаи баркашонӣ ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешуд.
Ёдовар мешавем, ки протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 дар чаҳорчӯби сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел ба имзо расида буд. Онро моҳи сентябри соли равон парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста