Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон банд мондани даҳҳо “фура” дар гузаргоҳи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳро шарҳ дод. Ӯ гуфт, сабаби асосӣ ба анҷом расидани муҳлати рухсатномаҳое, ки ронандагони тоҷик барои убури марз дастрас мекунанд.
Номбурда афзуд, ки муҳлати рухсатаномаҳои соли гузашта 31-уми январи соли 2024 ба анҷом расид, вале рухсатномаҳои навро бархе ҷамъиятҳои боркашонӣ ба ронандагон қимат фурӯхтанд.
“Мутаассифона, баъзе ҷамъиятҳо ба қоидаҳое, ки қобили қабул нест, роҳ додаанд. Мо як гурӯҳи корӣ ташкил кардем, ба онҷо рафта рухсатномаҳоро тақсим карданд. Шиддат (мушкил дар назар аст-муаллиф) дар байни ду руз бардошта шуд”- таъкид кард Азим Иброҳим.
Ӯ афзуд, ин мушкил одатан охири моҳи январ сар мезанад, вақте ки муҳлати рухсатномаҳо ба охир мерасаду ҷониби Ӯзбекистон рухсатномаҳои навро ирсол мекунад.
Азим Иброҳим гуфт, баъди қабули рухсатномаҳо аз ҷониби Ӯзбекистон Вазорати нақлиёт ҳуҷҷатҳоро аз расмиёти дохилӣ мегузаронад ва ба ҷамъиятҳои боркашонӣ барои фурӯхтан ба ронандагон медиҳад.
Гуфта мешавад арзиши ин рухсатномаҳо 300 сомонӣ ё каму беш 30 доллар аст. Вале ронадагон шикоят мекунанд, ки онро қариб 1200-1300 сомонӣ ё 120-130 доллар мегиранд.

Вазир ба соули он ки чаро вазорати нақлиёт мустақиман ин ҳуҷҷатҳоро ба ронандагон намедиҳад, посухи рушан надод ва танҳо гуфт, ки дар оянда кӯшиш мекунанд, ки ин рухсатномаҳо ба таври ғайринақдӣ дода шавад. Маълум нест, ки дар ин сурт ҳам ҷамъиятҳои боркашонӣ миёнаравӣ мекунанд ё не.
Азим Иброҳим дар шарҳи камчин шудани рухсатномаҳо гуфт, соли 2020 25 ҳазор рухсатнома додаанд, вале соли гузашта аз ҷониби Ӯзбекистон 73 ҳазору 50 адад гирифтаанд. Дар як моҳи соли ҷорӣ 25 ҳазор 910 рухсатнома дастрас кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 пандемияи коронавирус буд ва аксари сарҳадҳо баста буданд.
Азим Иброрҳим гуфт, ки тавассути гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” 42 ҳазору 211 мошин 702 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл кардаанд.
Ба иттилои ӯ дар Тоҷикистон 208 ҷамъияти ҳамлу нақл вуҷуд дорад, ки аз ин 78 ҷамъияти боркашонӣ, беш аз 100 мусофирбарӣ ва боқимонда ҳам мусофирбарӣ ва ҳам боркашонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек”, сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳҳо мошинҳои боркаш (фураҳо) бо далели қиммат ва камчин шудани нархи рухстаномаҳо ҷамъ шудаанд.
Ронадагон шикоят доштанд, ки ҳар дафъа бо миёнравии ширкатҳо рухсатномаи якдафъинаи даромадан ба ҳудуди Узбекистонро мехариданд. Дар соли нав, ба гуфтаи онҳо, “рухсатнома камчин ва нархаш гарон шуд”.





Таджикский гонщик Бежан Абдуллоев стал чемпионом Китая 2025 года
В Таджикистане будут взимать утильсбор при ввозе аккумуляторов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 декабря 2025 года
Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста