Форуми байналмилалии "Digital Tajikistan", ки ба ҳолати ҳозира ва масъалаҳои мубрами рақамисозии бахши хизматрасониҳои молиявии савдои чакана ва саноати чаканафурӯшии Тоҷикистон бахшида шудааст, имрӯз, 25 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.

Форум бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар намояндагони беҳтарин мудирият (менеҷмент) ва коршиносон иштирок доранд, ки соҳаҳои зеринро муаррифӣ мекунанд:

- ширкатҳои технологияи молиявӣ (финтех) ва стартапҳо, паркҳои иттилоотӣ, акселераторҳо;

- сармоягузорони хусуси венчурӣ, ширкатҳои сармоягузории венчурӣ;

- ширкатҳои технологияҳои итттилоотӣ, телекоммуникатсия, ҳамгиросозон (интеграторҳо);

- коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ дар соҳаи саноати бонкдорӣ ва пардохт;

- роҳбарони шабакаҳои савдои чакана, e-commerce, ширкатҳои савдои яклухт, МС;

-низомҳои пардохт;

- агентиҳои таҳқиқотӣ ва ширкатҳои консалтингӣ.

Барномаи Форум аз баррасии ҷанбаҳои бештар муҳими рушди минбаъдаи ҷомеаи рақамии муосири Тоҷикистон иборат аст, аз ҷумла AI (зеҳни сунъӣ), e-GOV (ҳукумати электронӣ), тағйироти бонкӣ, технологияи молиявӣ (финтек), сybersecurity (амнияти киберӣ), саноати чаканафурӯшӣ, хизматрасониҳои оммавии фосилавӣ ва ҳамчунин муколамаи мутақобилан судманди онҳо, ки барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон равона шудааст.

Ба стартапҳо, платформаҳои санҷишҳои танзимгар ва ҳамгироии бонкҳо бо ширкатҳои телекомуникационӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии PLUS Group бо дастгирии Агентии инноватсия ва рақамисозии назди Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.