Ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин сар аз 15-уми апрели соли ҷорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии ҳавонавардии кишвар хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар - Хуҷанд - Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Қарор буд, ки парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба анҷом шавад. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.
Қаблан, Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Тсзи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар як мулоқот масъалаи боз кардани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.
Аммо баъди се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон ин хатсайрҳо боздоштанд ва соли 2017 дубора барқарор гардид, лекин баъди чанде боз боздошта шуданд. Сабаби боздоштани дубора маълум нест.
Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистону Чин ҳоло танҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ парвозҳо анҷом мешаванд.




Over 700 artistes in Tajikistan owe more than 660,000 somoni in taxes
How a resident of Khujand became energy-independent
Kazakhstan joins countries sending troops to Gaza: key agreements from the first Peace Council meeting
Murder of gas station cashier in Khatlon province: over 20 stab wounds
Tajik military recruitment official arrested for corruption and bribery
Tajikistan honors athletes with presidential awards for international achievements
Tajikistan's Security Council holds key meeting on national security
Tajikistan shuts down nearly 90 industrial enterprises in 2025
US dollar reportedly maintains dominance in Central Asia amid Chinese yuan hype
US-based company to invest $150 million in Uzbekistan’s gas station network
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста