Дар бинои меҳмонхонаи «Кемпински»-и шаҳри Пекин дипломатҳои тоҷик таҳти сарварии кордори муваққатии сафорати Тоҷикистон дар Чин Шаҳло Абдураҳимова ба муносибати ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин брифинг баргузор намуданд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар ин маросим беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои ин кишвар, котиботи СҲШ, сафоратҳои муқими Пекин, ширкатҳои давлативу хусусӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, агентиҳои туристӣ ва донишҷӯёни тоҷики машғули таҳсил дар Чин иштирок кардаанд.
Дар брифинг зикр гардидааст, ки созишнома дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин байни ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Алянси Сайёҳии Синтзян» моҳи октябри соли гузашта ба имзо расидааст.
Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, парвози аввал тариқи ин хатсайр рӯзи 22 феврал баъди ба итмом расидани ҷашнҳои солинавӣ дар Чин анҷом дода мешавад.
Хатсайри 7J-887 Душанбе - Пекин - Душанбе аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе соати 17-00 ба вақти маҳаллӣ ҳар рӯзи душанбеи ҳафта сурат гирифта, давомнокии парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳавопаймо соати 01-30 дақиқаи вақти маҳаллии Пекин ба фурудгоҳи ин шаҳр менишинад. Пас аз анҷоми расмиёт ва хизматгузориҳо муддати 1,5 соат, хатсайри 7J-887 соати 03-00 дақиқаи вақти маҳаллии Пекин ба самти Душанбе парвоз карда, соати 07-30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба фурудгоҳи Душанбе мерасад.
Махсус барои хатсайри мазкур ширкати «Тоҷик Эйр» ҳавопаймои навъи «Боинг 757-200»-ро харидааст, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Ҳавопаймо 230 ҷойи нишаст дорад, ки 16-тои он ба дараҷаи тиҷоратӣ (бизнес-класс) мансубанд.
Зимни брифинг таъкид гардидааст, ки талабот ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Чин дар робита ба рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ байни кишварҳо ба вуҷуд омада, минбаъд низ ба густариши ин муносибатҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Туркманистон гуфт, чанд шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзиаш аз Эрон берун овардааст
Як размикори тоҷик бо Лигаи PFL қарордод ба имзо расонид
Сафари шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла як кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико манъ мешавад
Эрон ва Исроил омори куштаву захмиёнро эълон карданд. Ҳамлаҳо ба хоки якдигар рӯзи чорум аст идома дорад
Ронандае, ки зери чархи мошинаш ноболиғи 16-сола ҷон бохт, 10 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 4
Барои насби батареяи офтобӣ дар боми хона иҷозатнома лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июни соли 2025
Идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Исроил. Шаби гузашта чӣ гуна паси сар шуд ва дар ҳоли ҳозир чӣ мегузарад?
Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста