Дар Душанбе мақомот як марди 35-соларо бо гумони куштори ҳамсараш боздошт кардаанд.Раёсати ВКД имрӯз, 2-юми апрел бо нашри як навор аз ӯ Туманов Алишер ном бурдааст.
Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшуда рӯзи 8-уми март "дар заминаи рашку бадбинӣ" дар манзили зисти худ ҳамсарашро "латукӯби шадид" кардааст. Дар пайи ин, ҳамсари 29-солаи ӯ пас аз се рӯзи бистарӣ будан дар беморхона рӯзи 11-уми март ҷон бохтааст.
Дар наворе, ки пулис нашр кардааст, Туманов Алишер тасдиқ мекунад, ки баъди истифодаи маводи нашъаовари метаамфитамин ҳамсарашро шиканҷа карда буд.
Аммо маълум нест, ки ин навор дар кадом шароит сабт шудааст. Назари боздоштшуда ба расонаҳо дастрас нест.
Мақомот аз ин воқеа шарҳи бештар надодаанд.
Ҳоло нисбати дастгиршуда мақомот бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 КҶ) парванда боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом ба ӯ аз 5 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар Тоҷикистон кам рух намедиҳад. Танҳо дар моҳи март ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале назари гумонзадҳо дар ин ҳодисаҳо барои расонаҳо дастрас нест.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ҳодисаҳои куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.
Дар ин ниҳод шарҳ надоданд, ки бо чӣ далелҳо теъдоди куштор ва суиқасд ба ҷони одамон афзудааст. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст.
Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо нигарониии сокинони кишварро ба миён овард.
Taxpayers in Tajikistan warned about the deadline for installing and activating the "My Tax" app
Tajikistan struggles to realize benefits from a digital transformation
A road built in Sughd province three months ago with migrant workers' funds has partially collapsed
FAO warns Central Asian countries about the risk of losing unique plant resources
Will the new wave of U.S. tariffs have any impact on Tajikistan?
Mudslides and floods cause damage to roads and residents in several regions of Tajikistan
FINCA Tajikistan earns highest level of client protection certification
IBT, Huawei, and IT Service sign a MoU on cooperation
Somon Air resumes flights to Krasnoyarsk
Kyrgyz authorities report foiled coup attempt
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста