“Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) хабар дода, гуфтаст, ки “бартараф намудани паёмадҳои зилзила дар минтақа идома дорад”.
Дар бораи пардохти маблағ ба оилаҳои зарардида Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи изтирории ҳукумат дар робита ба баратарафкунии оқибатҳои заминҷунбӣ “Тоҷиксуғурта”-ро муваззаф карда буд.
Манбаъ гуфтааст, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зарангаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки Рашт 2,8 га замин ҷудо гардида, ба 19 оила тақсим карда шудааст.
Ҳамчунин, Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон ба ҳар як 70 оилаи зарардида 50 кг орд, 20 кг шакар, 5 литр равған, 20 кг макарон, 500 сомонӣ, дар умум 35 ҳазор сомонӣ кӯмак расонидааст.
Ба 30 оила аз дар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумо, Ярхаби Чуқурак, Хулаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт маводи безараргардонӣ (хлор) тақсим карда шудаст.

КҲФ мегӯяд, Комиссияи муштарак оид ба бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбӣ бо роҳбарии Ҳотамшо Латифзода, муовини якуми раиси ин ниҳод, зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Аскалон, Саришухон, Шархо, Кул, Зиҳибеди ҷамоати деҳоти Аскалон ва деҳаҳои Ҳазорчашма, Моҳихоса ва Яхакпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхро такроран санҷидааст.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ субҳи имрӯз, 24-уми апрел хабар дод, ки намояндагии чанд созмони байналмилалӣ ба 156 оилаи ноҳияи Тоҷикобод ва 260 хонавода дар ноҳияи Рашт орд, равғани растанӣ, нахӯд ва дигар маҳсулоти хурокворӣ кӯмак кардаанд. Ҳаҷми ёриҳо гуфта намешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбтӣ дар робита ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи Рашт супориш дода буд, ки ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо то 1-уми ноябр пурра сохта ба истифода дода шавад.






One-third of electricity debts in Tajikistan recognized as fictitious
Racing driver Bezhan Abdulloyev awarded Medal “For Courage and Valor”
Childukhtaron, salt caves and a Buddhist temple: a journey through Tajikistan’s Khatlon province
Emomali Rahmon stresses the need to further strengthen the country’s defense capability
Two more vendors arrested in Dushanbe for inflating meat prices during Ramadan
Uzbek janitor in St. Petersburg catches boy who fell from seventh floor
The “Trump Route”: The Trans-Caspian Corridor and implications for Tajikistan
Patents under review: Russian authorities propose new restrictions for migrants and their children
Unscrupulous developers in Tajikistan: authorities tighten oversight
Number of individual entrepreneurs on the rise in Tajikistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста