Дар арафаи Иди Қурбон ба 100 оилаи аз заминҷунбии моҳи апрел зарардидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод маҳсулоти хӯрока кӯмак карда шудааст.
Ин кӯмак аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 3-юми апрел ба оилаҳои зарардида расонида шудааст.
“Маҳсулоти хӯрока, аз орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра иборат аст”,-гуфтанд аз хадамот.
Дар ин ниҳод, ҳаҷми кӯмакҳоро нагуфтанд.
Дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.
Қаблан, низ рӯзҳои 24 ва 25-уми апрел, кумакҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид.
Пештар “Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.
Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо бояд то 1-уми ноябри имсол пурра сохта ба истифода дода шавад.
Дар пайи заминҷунбӣ дар ин ду ноҳия, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.






Tajikistan’s capital ranks among cities with the lowest cost of living worldwide
Why is Tajik honey not exported to Europe?
Around 400 new industrial enterprises launched in Tajikistan in 2025
Tajikistan implements licensing system reform
Emomali Rahmon signs decree to increase salaries, pensions, and scholarships
Iran closes airspace amid fears of US strikes
US suspends immigrant visa processing for 75 countries
Tajikistan launches its first large-scale solar energy project
Tajikistan’s MoT and Kuwaiti consulting company sign contract for rehabilitation of Ayni – Kuhistoni Mastchoh road
Without education, without rights: how thousands of migrant children in Russia are left without schooling
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста