Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Арманистон даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки кор дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Ирвон (Ереван) хоҳад буд.
Манбаъ дар саҳифаи фейбукии худ навиштааст, ки музди кор аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 800 доллар дар як моҳ буда, нафарони аз 21 то 60-сола имкони рафтанро доранд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷойи хоб ва асбобҳои корӣ аз ҷониби корфармо таъмин карда мешаванд.
Хадамоти муҳоҷират навиштааст, ки масраф барои хӯрок ба зиммаи худи коргар аст. Реҷаи кор 6 рӯз дар як ҳафта ва 8 соат дар як рӯз гуфта мешавад.
Аз довталабон танҳо нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва рақами телефон, ки “WhatsApp” талаб карда мешавад.
Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки барои маълумоти бештар дар ин маврид сокинон метавонанд бо рақамҳои 225-05-75, 550100005, 938131372, 905131373 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор дошта, солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд. Аз ин лиҳоз, мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд.
Аз ҷумла, ба бозори кории Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ ворид шудан мехоҳанд. Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея моҳи октябри соли 2024 ба имзо расид ва гуфта мешуд, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд.
Ҳамчунин, Вазорат шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват карда буд.
Ба гуфтаи вазорат музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.
Аз ин пештар, шаҳрвандони кишварро барои кор дар Литва низ даъват карда гуфта буд, ки барои кор дар ин кишвар айни ҳол ба 60 корманд ниёз дорад.
Вале ҳоло маълум нест, ки дар доираи ин ҳамкориҳо ва пас аз даъвати ин кишварҳо чанд нафар соҳиби ҷои кор шуданд.






Tajikistan cuts fruit exports to Kazakhstan in 2025
Cost of Hajj for Tajik citizens drops by nearly 4,000 somonis in 2026
President Rahmon makes personnel changes in Tajikistan’s judiciary system and foreign ministry
Growing glacier discovered in the Pamirs, defying global warming trends
How food prices in Tajikistan changed over the past year
Attempt to smuggle medicines worth over 1 billion soums from Uzbekistan to Tajikistan Foiled
IOM warns Tajik citizens of job scams linked to employment in the UK
Tajik family dies from domestic gas poisoning in Samara
Tajikistan establishes National Theater as theater community voices concerns over possible consolidation
Who Emomali Rahmon criticized — and praised — in 2025
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста