Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод навишт, ки ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кори (EPS)-и Корея” имрӯз, 31-уми октябр дар Душанбе ба имзо расид.
Ба иттилои ин ниҳод акнун ин ҳуҷҷатро ҳукуматҳои ду кишвар бояд ба тасвиб расонанд.
“Ёддошти тафоҳуми мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн омода гардида, ба таҳким ва рушди босуботи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, омода намудани неруи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ ва будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар равона шуда, ба раванди гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат менамояд”, - гуфтааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ин ниҳод бовар дорад, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин ёддошт шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.
Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабри соли 2023 ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатии Корея ворид шуда буд.
Ҳарду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки барои омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии дахлдори байналмилалии якдигарро содда мекунанд.
Вазорат гуфтааст, ки яке аз талаботи асосии корфармоёни Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ мебошад.
“Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст”, - гуфтааст ин ниҳод.
Зикр шудааст, ки хоҳишмандони кор дар Корея метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва баъди гузаштани курсҳои забони кореягӣ ба ин кишвар фиристода мешаванд.
Вазорат гуфтааст, ки дар ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Корея ба инобат гирифта, ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, оқибатҳои манфӣ надоранд”.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабар ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста