Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе имрӯз, 23-юми июн, бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвози охирин дар ин самт соли 2014 сурат гирифта буд.

Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

“Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Ванҷ ва баръакс бо 15 мусофир анҷом шуд. Замони рафту баргашт дар ин  масир мутаносибан 50 дақиқаӣ давом кард”, - гуфтанд аз ин ширкат.

Ба иттилои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” минбаъд парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 сурат мегирад. Ин ҳавопаймо имкони интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг борро дорад.

Нархи чипта аз як тараф 750 сомонӣ муайян гардидааст.

 

1/4

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои: +992 900130443 , +992110000012 тамос гиранд.

Ёдрас мешавем, ки ин панҷумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Аз аввали сол ин ширкат парвоз дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе”, “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе”“Душанбе-Панҷакент-Душанбе” ва “Душанбе-Рашт-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.

Бояд гуфт, парвозҳои азсаргирифтаи ширкати “Тоҷик-Эйр” дар масирҳои зикршуда, бидуни мушкил набуд. Баъзе парвозҳо барои чанд муддат ба таъхир афтод. Аз ҷумла, парвози аввалин дар масири “Душанбе-Панҷакент-Душанбе” 4 маротиба ба таъхир афтод. Ҳамчунин дар масири “Душанбе-Хоруғ-Душанбе” низ чанд муддат бо ин сабаб парвозҳо қатъ гардид. Масъулин сабаби ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба номусоидии ҳаво рабт дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.