Додситони Амрико эълон кард, ки ду нафаре, ки дар ин кишвар ба ғайриқонунӣ ворид кардани хориҷиён гумонбар ва шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ шуда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Қаблан, дар баёнияи рӯзи 24-уми июни додситонии иёлати Пенсилванияи ин кишвар зикр мешуд, ки онҳо ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ба убури ғайриқонии марз ва талоши ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.

Вале ҳоло дар ҳамин баёния зикр мешавад, ки онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Аммо дар бораи тағйири баёния зикр намешавад.

Дар баёния аз онҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола ва Мӯнис Хоҷиеви 31-сола ном бурда шуда, вале маълум нест, ки ин ду ҷавон кай ва чӣ гуна боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳматов дар шаҳри Мейнвил дар аёлати Оҳайо ва Ҳоҷиев дар шаҳри Филаделфия иқомат дошта, ҳарду ғайриқонунӣ дар як рӯз вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд.

Тибқи иттиҳомоти додситонӣ, Раҳматов ва Хоҷиев ҳамчунин ба талоши ворид кардани шаҳрванди хориҷӣ ба ИМА бо ҳадафи ба даст овардани даромади молӣ гумонбар мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ, онҳо ба шахсе ёрӣ кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид шавад. Сипас, онҳо аз он мард дар бораи ба кишвар ворид кардани муҳоҷирони ғайриқонунии дигар тавсия ва роҳнамоӣ гирифтаанд.

"Давоми солҳои 2022-2025 ин ду нафар бо дигар афрод ҳамкорӣ карда, шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷирон ба ИМА-ро ташкил кардаанд. Онҳо барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводидҳо ва шиносномаҳо тайёр мекардаанд. Муҳоҷирон бо ин ҳуҷҷатҳо аз марзи Мексика ба ИМА дохил мешудаанд. Муттаҳамон барои ин “хадамот” маблағи муайян мегирифтанд", - омадааст дар баёнияи додситонӣ.

Солҳои охир қаламрави Мексика ба як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, табдил ёфтааст.

Агар гуноҳи Беҳзод Раҳматов ва Мӯнис Хоҷиев дар додгоҳ собит шавад, ба ҳар як аз онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале додоситонӣ гуфтааст, то замоне, ки гуноҳи онҳо дар додгоҳ собит нашавад, онҳо бегуноҳ ба ҳисоб мераванд. Ин парванда аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот (FBI) таҳқиқ мешавад.

Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.