ЧОРАБИНИҲОИ 1 ИЮЛ

- Имрӯз даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон оғоз мегардад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар даври аввал дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин мавод шинос шавед.

- Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола оғоз мегардад. Мусобиқа дар “Кохи Олимп” доир шуда, то 7-уми июл идома мекунад ва дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

- Дирӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” боз шуд ва маросими гиромидошт имрӯз низ идома дорад. Ин маросим ба муносибати  бузургдошти ҷамъе аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, донишмандони ҳастаӣ ва теъдоди зиёде аз сокинони оддии ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомии Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ қурбон шуданд, баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд аз соати 10:00 то 16:00 ба Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе рафта, ба мардуми Эрон расман ҳамдардӣ баён ва онро дар "Дафтари ёдбуд” сабт кунанд.

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик идома дорад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардид ва қарор аст, ки намоишгоҳ то 2-юми июл идома кунад. Алоқамандон метавонанд давоми ин рӯзҳо аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ИЮЛ

Соли 2008 – Дуюмин агрегати НБО “Сангтӯда-1” расман ба кор оғоз кард.

Соли 2009 – Системаи “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии ширкатҳо ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2010 – Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Хати интиқоли барқи “Варзоб-Айнӣ” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2014 – Бори аввал имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестӣ баргузор шуданд.

Соли 2015 – Хадамоти алоқа тасмим гирифт, арзиши пардохти абонентиро барои SIM-кортҳо то 80 дирам дар як моҳ баланд кунад. Пардохти абонентӣ то он вақт чизи наве набуд, аммо бо далели хеле поин будани арзиши он ширкатҳои мобилӣ аз ҳисоби даромадҳои худ баробар мекарданд.

Соли 2016 – Никоҳи байни хешовандони наздик, байни фарзандону бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағову ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шуд.

Соли 2016 – Созишномаи ҳамкорӣ байни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ширкати “Салини Импреҷило”-и Италия (Salini Impregilо) ба имзо расид.

Соли 2017 – Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар мақоми нав – Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2020 – Нашрияи ҳафтаинаи “Вечёрка” нашри коғазии худро дар Душанбе қатъ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1881 – Мавлуди Нусратулло Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ.


Нусратулло Махсум яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон ва аз поягузорони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст. Ӯ дар марҳилаҳои пурталотуми сиёсӣ, барои гузоштани заминаи давлатдории тоҷикон пайваста талош кард ва номаш дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Ӯ дар солҳои инқилоби якуми Русия (1905–1907) дар ҳаракатҳои корпартоӣ ва намоишҳои коргарони шаҳри Қӯқанд фаъолона иштирок кард. Бо суқути аморати Бухоро дар натиҷаи инқилоби халқии соли 1920, Махсум ба сафи муборизони роҳи Ҳокимияти Шӯроҳо пайваст ва дар таҳкими давлатдории нав дар Бухорои Шарқӣ саҳм гузошт. Дар солҳои 1921–1923 ба ҳайси вакили Кумитаи озуқаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро фаъолият кард ва дар таъмини аскарони Сурх, инчунин дар мубориза бо босмачиён дар минтақаҳои Ғарм ва Душанбе ширкат варзид.

Сипас, ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси Кумитаи иҷроияи марказии Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

Нусратулло Махсум 1-уми декабри 1926, дар Анҷумани муассисони Шӯроҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх якдилона ба ҳайси раиси Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ҳамин вазифа то моҳи декабри соли 1933 адои хизмат кард.

Мутаассифона, ӯ низ дар гирдоби таъқиботи сиёсӣ ва мавҷи “душмантарошӣ”-и солҳои 1937 ба дасти золимон афтод ва 1-уми ноябри 1937 ба қатл расонида шуд. Танҳо баъди солҳои тӯлонӣ, дар моҳи декабри соли 1958 бегуноҳ эълон гардид. 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Номи ӯ дар асъори миллии 200-сомонӣ дар Тоҷикистон ҳак шудааст.

Соли 1915 – Мавлуди Абдулҳамид Нурматов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Соли 1935 – Мавлуди Ҳотам Пӯлодов, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1940 – Зодрӯзи Домулло Бобоев, муаррих, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1952 – Мавлуди Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии шинохтаи Тоҷикистон.

Исмоил Пирмуҳаммадзода

Исмоил Пирмуҳаммадзода солҳо сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор буд ва дар миёни аҳли уламои дини кишвар маъруфияти зиёде дошт.

Пирмуҳаммадзода фарзанди яке аз чеҳраҳои маъруфи исломи суннатии ҷануби Тоҷикистон Эшони Махсуми Санги Кулӯла буд.

Ба ҷуз ин Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии радио буд ва дар хазинаи тиллоии радиои ҷумҳурӣ дар хондани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно, “Осори Мирзо Бедил”, “Осори устод Рӯдакӣ”, “Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз” наттоқӣ кардааст.

Ӯ 18 майи соли 2022 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1958 – Зодрӯзи Абӯбакр Зубайдов, сароянда, мутриб ва таронасарои тоҷик.

Соли 2021 – Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо ва ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик дар 80-солагӣ даргузашт.

Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик буда, яке аз бунёдгузорони театри мазҳакавӣ ва ҳаҷвии муосир дар кишвар дониста мешавад.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ оғоз карда, бо нақшҳои ҷолиб ва таҳамтанаш дар саҳна ва синамо шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ театри мазҳакавии мустақили худ бо номи “Оина”-ро таъсис дод, ки дар рушди ҳаҷви иҷтимоӣ саҳми муҳим гузошт.

Раҷабов бо иҷрои нақшҳои хотирмон, ки ҳам мардумро механдонд ва ҳам ба андеша водор мекард, дар ду низоми сиёсӣ – шӯравӣ ва истиқлолият – маҳбубияти васеъ пайдо кард. Ӯ дар бораи ҷомеа ва мушкилоти он бо ҷасорат сухан мегуфт ва тавассути санъати худ паёмҳои муҳим мерасонд.

Ин ҳунарманди пуровоза 1-уми июли соли 2021 ба синни 80 расид ва чанде баъд бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақшҳо ва фаъолияти ӯ дар таърихи театру синамои тоҷик мероси арзанда боқӣ мемонад.

Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии зодагони Боку аст. Ҳарчанд ин сана мақоми расмӣ надорад ва дар рӯйхати ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон сабт нашудааст, дар аксар кишварҳо васеъ таҷлил мегардад.


1-уми июли соли 1751 аввалини ҷилди “Энсиклопедия” дар ҷаҳон нашр шудааст. Ташаббускори ин тарҳи нодир ношири фаронсавӣ Луи Бретон буд, ки соли 1747 ба файласуф ва нависандаи маъруф Дени Дидро пешниҳод кард, ки роҳбарии онро ба уҳда гирад.

Дидро ба таҳияи он 25 соли умри худро бахшид ва сармуҳарирри 28 ҷилди аввали ин донишнома шуд. Минбаъд, намунаҳои дигари энсиклопедӣ дар кишварҳои дигар ба нашр расиданд.


Имрӯз Рӯзи Канада - ҷашни миллии кишвари Канада аст. Рӯзи Канада ба хотири таъсиси расмии Доминиони Канада дар рӯзи 1-уми июли соли 1867 таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯз бо имзои созишномаи Амрикои Шимолии Бритониё (British North America Act), чаҳор колонияи Бритониё – Онтарио, Квебек, Нова Скотия ва Ню Брансвик муттаҳид шуда, давлати воҳиди федеративии Доминиони Канадаро ташкил доданд. Ин сана оғози истиқлолияти тадриҷии Канада аз Бритониё ба шумор меравад.

То соли 1982 ин сана бо номи Рӯзи Доминион (Dominion Day) маъруф буд. Танҳо баъдтар бо қарори расмӣ номи он ба Рӯзи Канада (Canada Day) иваз гардид. Канада аз 10 музофот ва 3 ҳудуди шимолии худмухтор иборат аст ва ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва устувори ҷаҳон шинохта мешавад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 ИЮЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда,  эҳтимоли  раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.