Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Қошғари Ҷумҳурии мардумии Чин дигарбора барқарор шудааст.
Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, дар ин масир имрӯз, 1-уми июл аввалин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин анҷом ёфт.
Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар дар масири Хуҷанд-Қошғар-Хуҷанд ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикитон моҳи марти имсол гуфта буд, ки парвозҳо дар ин масир аз 15-уми апрели соли ҷорӣ тавассути ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines” ба роҳ монда мешаванд. Вале маълум нест, ки чаро парвозҳо беш аз ду моҳ ба таъхир афтодаанд.
Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми июн баъди чанд соли таваққуф, аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе - Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд.
Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро карда мешаванд.
Аз Пекин ҳавопаймо соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз карда соати 21:00 ба Душанбе фуруд меояд. Бозпас аз Душанбе ҳавопаймо соати 22:30 дақиқа парвоз карда, соати 7:20 дақиқаи рӯзи дигар ба Пекин мерасад.
Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.
Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.
Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе - Урумчӣ сурат мегирифтанд.





Happy New Year, friends!
The horse spirit of Tajikistan: from ancient bloodlines to modern champions
International education in Central Asia: how UCA opens the door to a global career
EcoCars: how a company with Tajik roots became one of China’s first official EV exporters
Barqi Tojik promises uninterrupted power supply during New Year holidays
Emomali Rahmon extends New Year greetings to the people of Tajikistan
Sharif Nazarov, a pillar of Tajik football, passes away at 79
Winter Recreation in Tajikistan: where to recharge and enjoy nature
Three-year-old child dies after beating in Fayzobod district; stepmother suspected
Tajikistan expands list of officials required to declare assets and income
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста