Дар Душанбе нархи миёнаи як метри мураббаи хона аз 800 доллар (ҳудуди 7 ҳазору 595 сомонӣ) боло рафтааст.

Дар ин бора имрӯз, 25-уми июл Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 250-300 доллар  (ҳудуди 2 ҳазору 370-2 ҳазору 840 сомонӣ) доллар гаронтартар аст.

Ин дар ҳолест, ки ӯ моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8500 сомонӣ) мебошад.

Се сол пеш Кумитаи як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд. Яъне давоми се соли охир арзиши хона дар Душанбе тақрибан ду баробар зиёд шудааст.

Низом Мирзозода дар байн
Акс аз Asia-Plus

Ба қавли ӯ, имсол бо сабаби поёнравравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ арзон шуд, аммо қимати манзил боло рафт. Раиси Кумитаи сохтмон болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор марбут донист.

Ӯ изҳор дошт, ки соҳибкорон дар гузоштани нарх озоданд, "вале инсоф ҳам даркор аст".

Тибқи омори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 11 миллиарду 410 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 114,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 526,9 хазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бояд гуфт, ки аксари аҳолӣ аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо қимат мегардад. Аҳолӣ инчунин, аз сифати сохтмони хонаҳо низ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.