Пайвандон ва вакилони дифои 9 тан маҳкумшудаи парвандаи маъруф ба “табаддулоти давлатӣ” ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) шикоят накардаанд. Бо ин сабаб, масъулини Омбудсмен ҳам бо ин сиёсатмадорону мансабдорони пешин дар зиндонҳо то кунун мулоқот надоштаанд. Пайвандони маҳкумшудагон сабаби шокоят накарданро ба “Азия-Плюс” гуфтанд.

Умед Бобозода, роҳбари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон имрӯз, 4-уми август, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар пайвандон ё вакилони дифои 9 тани зиндонишуда дар мавриди аз ҳукми додгоҳ норозӣ будан муроҷиат мекарданд, Ваколатдор ҳозир буд ба он расидагӣ кунад ва ба додгоҳ муроҷиат намояд.

Бобозода афзуд, дар оянда масъулини ин ниҳод ё шахсан худаш вақте ба зиндонҳо меравад, аз ҳоли ин 9 тан пурсон хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки дар сурати дар зиндон мулоқот доштан, метавонанд шароити будубош дар зиндонро муҳокима кунанд, на ҳукми додгоҳро.

 

Умед Бобозода
Asia-Plus

Дар пайи ин парванда рӯзи 5-уми феврали имсол чеҳраҳои шинохтаи зерин аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд:

- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол;

- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;

Ҷамшед Бобоев, полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ – 21 сол.

- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор (баъди боздошт аз вазифаи муовини раиси ҳизб барканор шуд) – 19 сол;

- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол;

- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – 18 сол;

- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон – 17 сол;

- Нураҳмад Ғанизода, полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ – 18 сол.

- Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор, модари ду тифли ширхӯр – 8 сол.

Ин гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин ва як рӯзноманигор ба “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” айбдор шудаанд. Худашон онро беасос медонанд.

 

Рухшона Ҳакимова ҳам муроҷиат накардааст

Пурсарусадотарин вокунишҳо дар мавриди зиндонӣ шудани Рухшона Ҳакимова буд ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва як гурӯҳ рӯзноманигорон борҳо боздиди ҳукми ӯро талаб доштанд.

 

Рухшона Ҳакимова

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо Рухшона Ҳакимова ҳам то ҳол вонахӯрдаанд ва аз сӯйи пайвандон ё вакили дифоаш шикоят ворид нашудааст.

Вақте ҳукми ӯ расонаӣ шуд, садҳо тан гуфтанд, ба хотири модари ду тифли ширхор будан, ҳукми ӯ бозбинӣ ва ҳатто худаш озод карда шавад. Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карда буданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхор доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.

Аммо Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврали имсол зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.

Вакили дифои Рухшона Ҳакимова рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда, бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.

Ҳамчунин, дигар айбдоршудагони ин парванда ҳам ба ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят бурда буданд. Ҳукми ҳеҷ кадоми онҳо тағйир наёфт.

 

Чаро ба Омбудсмен муроҷиат намекунанд?

Ду тан аз пайвандони нафарони зиндонишуда имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки воқеан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат накардаанд ва сабабашро ҳам шарҳ доданд.

Яке аз онҳо, ки ба далели амниятӣ нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар сурати муроҷиат кардан, ба эҳтимоли зиёд, аз дасти масъулини Ваколатдор коре бар намеомад.

“Ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардем. Чизе тағйир наёфт. Омбудсмен ҳам қодир нест ҳукми додгоҳро тағйир диҳад ё таъсири воқеӣ расонад. Ба ин хотир ба онҳо муроҷиат накардем”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсӯҳбати дигари мо ҳам ба ҳамин маънӣ посух дод: “ҳукм эълон шуд, ҳамаро ба зиндон бурданд, дар ҳоли ҳозир, то ҷое огоҳам, касе аз онҳо аз вазъи нигаҳдорӣ дар зиндон шикоят надорад”.

“Падарам мегӯянд, ки муносибати зиндонбонҳо хуб аст, ҳар чӣ мефиристем, ба дасташ мерасад, ҳам дорую даво ва ҳам хӯроку пӯшок. Агар аз вазъи нигоҳдорӣ дар зиндон шикоят кунанд, баъд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунем. Дар мавриди боздошту нигоҳдорӣ дар СИЗО (Боздоштгоҳи муваққатӣ – аз Идора) ва ҳукми додгоҳ, ба фикрам, шикоят бефоида аст”, - гуфт ӯ.

Назари пайвандон ё вакилони дифои ҳамаи маҳкумшудагон дастрас нест. Аксари онҳо намехоҳанд, ки ошкоро бо расонаҳо дар ин маврид гуфтугӯ кунанд.

 

Таърихчаи боздошт ва зиндонӣ шудани чеҳраҳо​​​​​​​

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.

Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.

Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз шудааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъди эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин раванд беш аз 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт. Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврал эълон шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман рӯзи 13-уми феврали имсол бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод. Чӣ гуфт? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.