То охири моҳи июни соли 2025 дар мактабҳои олии Ӯзбекистон 1145 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки аз рӯйи теъдод, сеюмин гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар аст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар Ӯзбекистон айни замон ҳамагӣ 9,5 ҳазор хориҷӣ таҳсил мекунанд. Давоми як сол теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 17,3%афзудааст.
Аз ҳама зиёдтар донишҷӯён аз Ҳиндустон (2780 нафар) ва Туркманистон (2622 нафар) омадаанд. Ҳамчунин ба рӯйхати кишварҳо бо шумори нисбатан зиёди донишҷӯён Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Қирғизистон, ИМА, Афғонистон ва Туркия шомиланд.
Донишҷӯёни тоҷик боз дар кадом кишварҳо таҳсил мекунанд?
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, то аввали соли хониши 2024/2025 дар хориҷи кишвар 41 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Ҷуғрофияи он даҳҳо кишварро фаро мегирад, лекин аксарияти онҳо дар панҷ давлат мутамарказанд.
Русия бешубҳа пешсаф аз лиҳози қабули донишҷӯёни тоҷик аст, зеро 33 178 нафар маҳз макотиби олии Русияро интихоб кардаанд. Ин зиёда аз 80% аз теъдоди умумиро ташкил дода, сабабаш бештар донистани забони русӣ, робитаҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва ҷудо гардидани квотаҳо барои таҳсилу омӯзиш маънидод мешавад.

Дар зинаи дуюм Чин қарор дорад, ки 2990 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Чин бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар доираи СҲШ ҳамкориҳоро ривоҷ медиҳад. Таҳсил дар ин ҷо бо забонҳои чинӣ ва англисӣ сурат гирифта, стипендияҳо пешниҳод мешаванд. Ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи муҳандисиву техника бештар таваҷуҳ зоҳир мешавад.
Қазоқистон низ яке аз самтҳои серталаб дар ин соҳа буда, дар ин ҷо 970 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Туркия ҳудуди 900 донишҷӯро аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст. Омилҳои асосии таваҷҷуҳ - таълими дастрас, имкони дарёфти бурсияҳо ва таваҷҷуҳи баланд ба фанҳои гуманитарӣ, инчунин пайвастагии умумии диниву фарҳангӣ арзёбӣ мешавад.
Боз 3252 нафар дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Миёни онҳо Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо номбар мешаванд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои таълимӣ ва стипендияҳо пешниҳод мекунанд.





6 top innovative startups in Tajikistan in 2025
Tajikistan’s CBRN Safety Agency and Border Troops agree to improve methods for detecting CBRN threats
A 19-yer-old man arrested on suspicion of corrupting a 14-year-old girl
Tajikistan’s fruit production surpasses expectations
The growing threat of teen aggression: how to prevent it?
Terrorists who attacked Tajik border guards were members of Jamaat Ansarullah, reports Afghan media
China’s investment expansion in Central Asia: what it means for the region
Tajik national arrested in Russia after comments on killing of 10-year-old Qobiljon Aliyev
Pope Leo XIV calls for peace in Middle East, Ukraine in first Christmas message as pontiff
Tajikistan among top three tourist sources for Uzbekistan
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста