Бори нахуст Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр" — яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои синамоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс, оғоз гардид. То кунун “Фаҷр” дар Теҳрон баргузор мешуд. Дар он беш аз 50 филм намоиш дода мешавад ва филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар ин ҷашнвора Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Маросими ифтитоҳ бо ҳузури намояндагони воломақоми давлатӣ, ҳунармандони саршиноси синамо ва меҳмонони хориҷӣ аз нуқоти мухталифи ҷаҳон доир шуд.
Сарвари устони Форс: “Эрон танҳо Теҳрон нест”
Ҳусайн Алӣ Амирӣ, роҳбари устон (вилоят)-и Форс, бар тавоноии ин вилоят дар мизбонии рӯйдодҳои байналмилалӣ таъкид карда, гуфт “Эрон танҳо Теҳрон нест, шаҳрҳое чун Шероз дорои зарфияти баргузории ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва корҳои фарҳангии хеле бузургро доранд”.
Амирӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон ба нақши таърихии Шероз ишора карда, аз бузургони он – шоирони ҷаҳонӣ Саъдӣ ва Ҳофиз ёд кард.
Вай афзуд, ки рӯҳияи мусолиҳаҷӯёнаи мардуми Шероз ин шаҳрро қодир сохта, ки ҳамчун маркази ҷаҳонии сулҳ ва миёнҷигарии байналмилалӣ шинохта шавад.
“Хеле умедворам, ки баргузории ин ҷашнвораи байналмилалӣ, оғозест барои баргузории корҳои дигаре дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Шероз аст. Шаҳри Шероз ва мардуми устони Форс ба унвони мардуми меҳмоннавоз, сулҳҷӯ ва албатта дар умури фарҳангӣ ва илмӣ ҷустуҷӯгар матраҳ буданд ва матраҳ ҳастанд. Ҳама гуна зарфият дар устон вуҷуд дорад”, - гуфт Амирӣ.

Намоиши филмҳои шоирона
Руҳуллоҳ Ҳусайнӣ, дабири Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои “Фаҷр”, дар суханронии худ ба аҳамияти “синамои шоирона” ва бозгашт ба зиндагии инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ӯ таъкид дошт, ҳадафи ҷашнвора намоиши филмҳое мебошад, ки инсониро тасвир мекунанд, на танҳо воқеаҳои фавқулоддаро.
“Мо дар ин ҷашнвора бо ҳам беш аз 50 филм аз нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз рангҳо, нажодҳо, забонҳо ва фарҳангҳои гуногунро хоҳем дид. Дар ин осор ағлаб тасвир ва садо дар ҳам меомезанд; на барои ин ки як воқеаи хориқулъодаро тавлид кунанд, балки мекӯшанд як зистҷаҳонро халқ кунанд. Ҳар макс, ҳар сукут гоҳе метавонад ба андозаи як гуфта ё диалог ва чӣ басо бештар муҳим бошад, - гуфт роҳбари ҷашнвора.
Ӯ афзуд, "тардиде нест, ки ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди ривоятҳои содиқонаи инсонӣ ва шоирона аст. Ҷаҳони хаста аз хушунат метавонад бо тасовири ором, бо садоҳои нарм ва ривоятҳои содиқона мудова шавад".
"Умедворем ҷашнвора ба меъодгоҳи филмсозоне табдил шавад, ки таҷрибаҳои сода, аммо фаромӯшшудаи инсониро дубора ба мо ёдоварӣ мекунанд; касоне, ки бо забони тасвир ба мо ба ёд меоваранд ҳанӯз метавон ба оромӣ нигоҳ кард, гӯш кард ва онро амиқ фаҳмид", - афзуд Ҳусайнӣ.
"Моҳӣ дар шаст" - муаррифгари Тоҷикистон
Дар Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр", ки беш аз 50 филм бо ҳам рақобат мекунанд, филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст" Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Ин филми муштараки Тоҷикистону Эрон, ки ба коргардонии Муҳиддини Музаффар офарида шудааст, қиссаи таъсирбахши писарбачаи даҳсолае ба номи Далерро ҳикоят мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади қиморбоз ба сафари тӯлонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.

Ин сафар на танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак, балки тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ мебошад. Филм бо забони рамзу василаи ҳунарӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамононро пеши рӯи бинанда боз мекунад ва паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ, озодагӣ ва қадру қимати инсонро дорад.
Дар бораи филми ҳунарии Моҳӣ дар шаст дар ин матлаби "Азия-Плюс" маълумоти муфассал мутолиа кунед.
Дар Ҷашнвораи 43-юми байналмилалии филмҳои "Фаҷр" коргардони филм Муҳиддин Музаффар ва рӯзноманигорони "Азия-Плюс" ширкат мекунанд.
Таърихчаи Ҷашнвораи филмҳои Фаҷр
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Фаҷр яке аз ҷашнвораҳои бонуфузтарини синамоӣ дар Ховари Миёна ба шумор меравад.
Ин ҷашнвора бори нахуст дар соли 1982 таъсис ёфта, ҳамасола дар моҳи баҳман (феврал) ба муносибати даҳҳаи Фаҷр (солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон) баргузор мешавад.
“Фаҷр” ҳамчун як намоишгоҳи бузурги ҳунарӣ, ба тавлидоти синамои Эрон ва ҷаҳонӣ дар давраи яксола тамаркуз мекунад.
Ин давраи 43-юми баргузории ҷашнвора аст. То ин дам, аксари давраҳо дар Теҳрон баргузор мешуданд, аммо баргузории он дар Шероз иқдоми нав барои тақвияти фарҳанг ва ҳунар дар музофоти Эрон унвон мешавад.




