Фарангис Нуруллохоҷа оҳангсози тоҷики муқими Канада, набераи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик ва духтари Мунира Шаҳидӣ, шарқшинос ва санъатшиноси тоҷик аст. Ӯ аз чеҳраҳои намоёни мусиқии муосири ҷаҳонӣ дониста мешавад, ки дар асарҳояш мусиқии навинро бо анъанаҳои мусиқии Осиёи Марказӣ ва бархе унсурҳои шарқӣ омезиш дода, дар олами мусиқии ҷаҳонӣ таҳаввулоти тозае эҷод кардааст.

Ӯ ахиран дар ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Takefu дар Ҷопон асари нави худро муаррифӣ кард ва чанде пеш дар бораи масири аҷдодони худ ва шаҳри Душанбеву бастагиаш ба ин сарзамин дар Кембриҷ китобаш низ нашр шуд. 

“Азия-Плюс” бо ин оҳангсози тоҷик, ки дар минбарҳои ҷаҳонӣ аллакай мавқеъ касб кардааст, пиромуни корномаву эҷод ва пайванди ӯ бо мусиқиву осори мутафаккирони форсу тоҷик, ки дар баъзе асарҳояш аз онҳо илҳом гирифтааст, суҳбат орост.

 

Аз Душанбе то Порису Ванкувер

Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе, дар оилаи Зиёдулло Шаҳидӣ, яке аз оҳангсозони маъруфи тоҷик зода шуда, дар муҳити фарҳангӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи хонаводаи онҳо буд, ба камол расид.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай дар даврони кӯдакӣ мусиқӣ барояш на танҳо касб ва ё шуғл, балки шеваи табии баёни андеша буд.

Ӯ дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар Шветсия, Фаронса ва Амрико дар соҳаи санъат ва мусиқӣ таҳсил карда, дар бахши оҳангсозӣ дорои дараҷаи доктори санъати зебо (Doctor of Fine Arts) аст, ки дар Донишгоҳи Гетеборд дар Шветсия дифоъ кардааст. Ҳамчунин, дар маркази IRCAM дар Порис мусиқии электроакустикӣ омӯхта, таҳсилоти докториро дар Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диегои Амрико идома додааст.

Ин оҳангсози тоҷик аз соли 2003 инҷониб дар Канада зиндагӣ ва эҷод мекунад.

 

Фарангис Шаҳидӣ бо Зиёдулло Шаҳидӣ

Забони гуфтугӯи ботинӣ байни Шарқ ва Ғарб

Фарангис Нуруллохоҷа то имрӯз беш аз 50 асар офаридааст, ки дар зиёда аз 20 кишвар ба саҳна гузошта шудаанд. Ӯ асарҳои худро дар жанрҳои мусиқии симфонӣ, камерагӣ, вокалӣ ва электроакустикӣ меофарад.

Ба қавли Фарангис, ӯ дар ҳошияи меъёрҳои ҷаҳонии санъат зиндагӣ мекунад ва бо забони зебоишиноси мусиқии муосир ҳарф мезанад.

“Офаридани мусиқӣ як саёҳат ба ҷаҳони ношинохта, ҷустуҷӯи садоҳои то ҳол ношунида ва шаклҳои нодида аст”, – мегӯяд оҳангсоз.

Фарангис бештар ба мусиқии муосир тамаркуз дорад ва бо усулҳои наву омӯзиши таҷрибаҳои мухталиф бо садо ва сохторҳои мусиқӣ кор мекунад. Фаъолияти ӯ ба таҳқиқи забонҳои нави мусиқӣ равона шуда, омезиши анъанаҳои мусиқии Шарқ ва Ғарб барояш муҳим аст.

“Мусиқӣ барои ман забони гуфтугӯи ботинӣ на танҳо байни Шарқ ва Ғарб, балки байни инсон ва ҷаҳони ноаён аст. Ҳар садо метавонад дар шунаванда эҳсос бедор кунад ва маънои наве пайдо созад”, - мегӯяд ӯ.

 

Дар саҳнаи ҳунари Ҳоланд

Илҳом аз Аттору Мавлоно ва Бедил

Фарангис Нуруллохоҷа мегӯяд, дар офаридани баъзе асарҳояш аз осори мутафаккирони форсу тоҷик илҳом гирифтааст.

Аз ҷумла, дар либреттои операи “Суҳбати парандаҳо” ӯ аз “Мантиқ-ут-тайр”-и Фаридуддини Аттор илҳом гирифтааст.  

“Ин ғоя аз модарам пешниҳод шуд ва баъде, ки “Сӯҳбати парандаҳо”-ро ба шакли опера инкишоф додам, барои ман парандаҳо рамзи муҳоҷирон шуданд. Онҳое, ки аз водиҳои зиёд мегузаранд, дар ҷустуҷӯи оромӣ ва ҳамоҳангӣ ҳастанд ва мекӯшанд, ҷойи беҳтаре барои зиндагӣ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, опера ба ҳамаи одамони бехона, муҳоҷирон ва паноҳҷӯён бахшида шудааст”, - мегӯяд дар шарҳи ин операаш оҳангсоз.

Ба гуфтаи ӯ, либретто, яъне матни адабии ин асарро Лайлӣ Анвар, шоир ва мутарҷими муқими Порис навиштааст ва он соли 2027 дар Ванкувер иҷро хоҳад шуд.

Фарангис Нуруллохоҷа дар эҷоди асарҳояш аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ истифода кардааст. Аз ҷумла, асари акапеллаи ӯ барои шаш овоз аз ҷумлаи чунин осор буда, “Аз хор гул мерӯяд”  (“A Thorn Expands to a Rose”) унвон дорад. Акапелла ин шеваи сурудхониест, ки танҳо бо овоз ва бе ягон асбоби мусиқӣ иҷро мешавад.

Нахустнамоиши ин асар соли 2005 баргузор шуда, сипас чандин маротиба дар Олмон, Фаронса, Суед ва Канада иҷро шудааст. 

Сарчашмаи асари дигари ӯ, ашъори Абдулқодири Бедил, мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, “Параидолия” унвон дорад. “Параидолия” равандест, ки инсон дар ашё, чизҳои тасодуфӣ ва нақшу сояҳо сурат, чеҳра, ҳайвон ё шаклҳои шинос мебинад, гарчанде воқеан он ҷо чунин чиз вуҷуд надорад.

Ин асари ӯ соли 2022 дар Ванкувери Канада нахустин маротиба иҷро шудааст.

 

Дар саҳнаи ҳунари Ҳоланд

“Асарҳои охиринам ба муҳоҷирон ва кӯдакони фаластинӣ бахшида шудаанд”

Муҳоҷират ва ғарибӣ аз мавзуъҳоест, ки Фарангис нисбати онҳо ҳассос аст ва чанд асараш дар ин мавзуъ офарида шудаанд. 

Ба қавли ӯ, гарчанде худ низ дур аз ватан аст ва ҳамвора аз он ёд мекунад, аммо рӯ овардан ба мавзуи муҳоҷират ё ғарибӣ замони офаридани асар, аз ҳассосияти ӯ ба воқеаҳои ҷаҳон сарчашма мегирад.

“Асарҳои охирини ман ба фирориён ва кӯдакони фаластинӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла “Духтари сукунати бекасӣ” (Daughter of Absence) ном асари ман аз дарду ормони муҳоҷирону фирориёни фаластинӣ қисса мекунад. Он бар асоси ашъори Маҳмуд Дарвеш, шоири фаластинӣ офарида шуда, соли 2022 дар Ванкувер нахустин маротиба ба саҳна гузошта шуд”, - мегӯяд Фарангис. 

 

Ҳунарнамоӣ дар ҷашнвораи байналомилалии Takefu

Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии Takefu яке аз маъруфтарин чорабиниҳои мусиқии муосир дар Ҷопон аст. Ин ҷашнвора 35 сол инҷониб ҳамчун минбари муаррифии асарҳои нав ва ҳунарнамоии мусиқинавозони сатҳи ҷаҳонӣ доир мешавад.

Соли 2025 низ ҷашнвора садҳо ҳунарманд, оркестр ва ансамблҳоро гирд овард. Фарангис Нуруллохоҷа низ дар ин ҷашнвора асари нави худро нахустин маротиба иҷро кард. Он “Асрорнокӣ ва нафосати ботинӣ” (“Yūgen-Iki”) унвон дошта, омезиши нодири ду сози қадимӣ – “рекордер”-и аврупоӣ ва “шакухачӣ”-и ҷопонӣ мебошад.

“Ҳамсадоии ин ду соз дар иҷрои ансамбли хурд ҷаҳони асроромезро бо садои нозук манзури шунавандагон кард”, – мегӯяд оҳангсоз. 

Ӯ рӯнамоии асари нави худро дар Ҷопон, марҳалаи тоза дар масири эҷодиёт ва пайванди фарҳангҳои гуногун медонад.

Ба қавли санъаткор, асар бо роҳбарии Шун Ой, дирижёри маъруф иҷро гардида, мусиқинавозони маъруфи Ҷопон ва ансамбли фестивалӣ ширкат варзидаанд.

 


Ҷоизаҳои ҷаҳонӣ

Фарангис Нуруллозода то имрӯз дар чандин озмунҳои бонуфузи ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза шуда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ асарҳои худро муаррифӣ кардааст. Соли 2000-ум барои асари симфонии худ “Replica” дар Австрия соҳиби ҷоизаи Бунёди Абӯ Ғазолӣ гардид. Соли 2008 аз Шӯрои санъати Канада “Ҷоизаи санъати ба номи Ҷозеф Стауфер”-ро ба даст оварда, соли 2010 дар Озмуни байналмилалии композиторони Magistralia барои асари оркестриаш – “Парвона” (“Parparon”) ҷоиза гирифт.

Ҳамчунин, солҳои баъдӣ дар озмунҳои байналмилалии мусиқӣ дар Русия, Лаҳистон ва Канада соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз шудааст.

Асарҳои ӯ дар ҷашнвораҳои мусиқии Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ аз ҷониби ансамблҳо ва ҳунармандони маъруфи кишварҳои гуногун, чун Финланд, Фаронса, Суед, Белгия, Олмон, Ҳолланд, Амрико, Чин, Норвеж, Рим, Шветсария иҷро шудаанд.

Фарангис ҳамчунин дар чанд муассисаи бонуфузи байналмилалӣ ба сифати оҳангсози даъватшуда фаъолият намудааст, аз ҷумла дар Бунёди Роямон (Фаронса), Бун    ди Рокфеллер (Италия)  ва Ҷамъияти оҳангсозони Шветсия дар Кортона (Италия).

 

Фарангис Шаҳидӣ бо модараш Мунира Шаҳидӣ

“Инъикосҳои Чиароскуро”

“Инъикосҳои Чиароскуро” унвони китобест, ки чанде пеш Фарангис ва хоҳараш дар Кембриҷ ба нашр расонид. Ба нақли оҳангсоз, Чиароскуро истилоҳи итолиёвӣ буда, ба тоҷикӣ “нур ва соя” ё “ҳамоҳангии равшаниву торикӣ” мазмун дорад.

Ин китоб дар бораи решаҳои аҷдодии ӯ ва Мунира Шаҳидӣ модари ӯ буда, аз масири зиндагӣ ва талошҳои ӯ қисса мекунад. Аммо Фарангис мегӯяд, ин китоб танҳо дар бораи як зани барҷаста ё як хонавода набуда, дар бораи он ки чӣ тавр фарҳангҳо бо ҳам сухан мегӯянд ва чӣ гуна таърих, сиёсат ва қиссаҳои шахсӣ дар зиндагии одамон бо ҳам мепайванданд, нақл мекунад.

“Осиёи Марказиро одатан бо гилемҳои дастбофи нозук ва рангоранг мешиносанд, ки риштаҳояш ба як нақши воҳид ва зебо муттаҳид мешаванд. Ман ин китобро мисли як гилеми сухан мешуморам, ки аз ёдҳои мо, дафтарчаҳои кӯҳна ва навиштаву овои худи модарам бофта шудааст”, - таъкид мекунад оҳангсози тоҷик. 

Китоб ба забони англисӣ нашр шуда, ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар ҳоли тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва фаронсавӣ аст.

 


Фарангис Нуруллохоҷа мегӯяд, ҳоло рӯйи чанд лоиҳа кор мекунад. Муҳимтарин коре, ки ҳоло анҷом медиҳад, такмили операи “Суҳбати парандаҳо” аст, ки аз ашъори Фаридуддини Аттор маншаъ гирифтааст. 

Ҳамчунин нақша дорад, бо мусиқинавозони ҷопонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд ва Тошканд сафари ҳунарӣ анҷом дода, консерт низ баргузор кунад.

"Ин сафар моҳҳои сентябр ё октябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст", - мегӯяд оҳангсоз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.