Пагоҳ, 16-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олӣ ва ҳамин тариқ, ба мардуми Тоҷикистон ироа мекунад. Одатан дар паёми раисҷумҳур самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои соли оянда муайян карда мешавад.

Ҳамчунин, зимни ироаи паёми худ, Эмомалӣ Раҳмон рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар соли сипаришударо таҳлил карда, ба масъулин барои ҳалли мушкилҳо дастуру супоришҳо медиҳад ва тибқи анъанаи шаклгирифта, аз баланд бардоштани маошу нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад.

Аз ин ҷост, ки сокинон аз паёми раисҷумҳур ба парлумон интизориҳои худро доранд. Мо дар пойтахт аз сокинон пурсидем, ки аз паёми имсолаи раисҷумҳур чӣ интизориҳо доранд?

Посухи онҳоро дар навори мо бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.