Барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки интизор мерафт, бо нашри китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия ва ба истифода дода шавад, бо гузашти инак, 4 сол аз эълони таҳияи он, ҳанӯз дастраси корбарон нашудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” мунташир шуд.
Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ҳанӯз дастраси умум нагардидани барномаро тасдиқ карда гуфт, “кор дар ин самт рафта истодааст”.
Ба қавли ӯ таҳияи комили ин барнома “ниҳоят кори вазнин аст” ва бо вуҷуди ин, аллакай дастраси баъзе ниҳодҳо буда, “имтиҳон” мешавад.
“Кори он бисёр аст ва ҳоло мо феълҳоро ҷамъ карда истодаем. Масалан, як феъл 56 шакл дорад. 56 шаклро дуруст ва онҷо ҷойгир кардан, бисёр кори душвор аст”, - дубора таъкид кард ӯ.

Аммо соле қабл низ ӯ иддао карда буд, ки “барнома аз ҷониби кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот пурра таҳия шуда, дар худи ин ниҳод ва чанд вазорату идораҳо аз таҷриба гузаштааст”.
“Ислоҳнигорӣ” барномаест, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад.
Баҳонаҳои пайдарпайи Кумитаи забон ва истилоҳот
Соли чорум аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун худро дар истифода қарор нагирифтани барномаи “Ислоҳнигорӣ” “сафед мекунад”.
Як сол қабл, дар нишасти хабарии ин ниҳод Раҳматуллозода гуфта буд, ки баъди ба нашр расидани китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” барномаи мазкур дастраси омма мешавад.
“Муҳимтарин санаде, ки барои “Ислоҳнигорӣ” лозим аст, ҳамин “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” аст. Агар ҳамин фарҳанг пурра чоп шавад, фикр мекунам, ки дар самти “Ислоҳнигорӣ” корҳо зудтар вусъат хоҳад ёфт”, - гуфта буд раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Ӯ таъкид карда буд, ки “агар мо дар “Ислоҳнигорӣ” фарҳанги кӯҳнаро дохил мекардем, имрӯз боз маҷбур мешудем, фарҳанги навро илова кунем. Ин кори осон нест, бояд миллионҳо калима ворид кунем”.
Аммо чуноне дар гузориши раиси Кумита шунида шуд, соли 2025 китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” аз ҷониби ин ниҳод мунташир шуд ва баҳсҳои зиёде низ дар пай дорад.
Аввалин маротиба моҳи августи соли 2022 Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳияи ин барнома иттилоъ дода, гуфта буд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2022) дастраси корбарон мегардад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад. Вале то имрӯз ин барнома дастраси корбарон нашудааст.
Бояд гуфт, ки дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад.






Warm February: how abnormal weather threatens crop yields in Tajikistan
Uzbekistan aims to cut manual labor in cotton harvesting to 30%
Turkish low-cost carrier Pegasus to launch Istanbul-Dushanbe flights
Tajikistan's Beshai Palangon Reserve faces potential water crisis
Private company in Tajikistan to invest $5 Million in post automation
Tajikistan’s anticorruption agency explains the removal of Jaloliddin-Balkh district judge
Joint Statement on the marking of four years since the start of Russia’s full-scale invasion of Ukraine
Tajikistan advances in implementing social entrepreneurship law
Over 500 complaints filed against Kyrgyzstan's GKNB employees after Tashiyev’s resignation
Court sentences school teacher from Levakant to compulsory labor for slapping student
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста