Барномаи “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, то ҷашни Наврӯз роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди 62 ҳазор калима китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия мешавад ва пас аз чопи он барномаи мазкур ба кор шурӯъ мекунад.
“Дар барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” беш аз 2 млн 200 ҳазор калимаи тоҷикӣ ҷойгир шудааст ва пас аз роҳандозӣ шудан бисёр мушкилоти навишти электронии моро бартараф мекунад”, - гуфт Муҳаммадҷонзода.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ки “пешбинӣ мешавад то ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дар асоси он барномаи “Ислоҳнигорӣ” дастраси ҳамагон гарданд”
Бояд гуфт, ки Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар нишасти матбуотии ду соли пеш дар бораи таҳияи барномаи “Ислоҳнигорӣ” иттилоъ дода буд. Соли 2022 гуфта мешуд, ки ин барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон - 5-уми октябри соли 2022 ба кор шурӯъ мекунад.
“Мутаассифона, дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад. Ҳангоми навиштани матни тоҷикӣ чунин имконият ҳоло нест. Мо инро барномаи “Ислоҳнигорӣ” меномем ва баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад”, - гуфта буд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи мазкур, дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад.
Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое, ки ба навиштани матн дар компютер сару кор доранд, тавонанд, шакли дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста