Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар “Тоҷикфилм” гуфт, беш аз 10 ҳунарманди маъруфи тоҷик дар филми “Рустам ва Сӯҳроб”, ки дар Эрон рӯйи пардаи синамо меояд, нақш меофаранд.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай чанд ҳунарманд интихоб шудаанд, аз ҷумла, Сайёра Сафарӣ, Қурбони Собир, Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва Таҳмина Раҷабова.
Ӯ гуфт, кастинг айни ҳол дар Эрон давом дорад ва рӯзҳои наздик тафсилоташ равшан мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, синамогарони Эрон, ки 20 сол инҷониб бо онҳо ҳамкорӣ дорад, аз ӯ дар бораи асолату ҳунари ҳунарпешагони тоҷик пурсидаанд.
“Албатта ман ба онҳо маълумоти дақиқ ироа кардам, ки чигуна ҳунарпеша ҳастанд. Мо ба ин восита чеҳраҳои синамои давлату миллатамонро метавонем тарғиб кунем, нишон диҳем”, - илова кард ӯ.
Сафар Ҳақдод дар муроҷиат ба синамогарони тоҷик гуфт, ба синамогарони эронӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонианд, таваҷҷуҳ кунанд, аз таҷрибаи онҳо омӯзанд ва онҳоро даъват кунанд.
“Синамо ҳунари байналмилалӣ аст. Мо танҳо дар дили худ бояд наҷӯшем, балки ситораҳои синаморо даъват кунем. Мо худ бояд қадам гузорем, на дар интизори он бошем, ки моро даъват кунанд. Синамо ба ин васила рушд мекунад”, - таъкид кард коргардон.
Ӯ аз таҷрибаи Носир Саид, ки Маҳнози Ашроф, ҳунарпешаи эрониро дар филми “Муаллим” даъват карда буд, ёд овард ва гуфт, бояд бештар табодул сурат бигирад.
“Агар мо ҳунарпешагони эрониро даъват кунем, онҳо ба хотири зебоиҳои Тоҷикистон, ба хотири фазои мо бо ҷону дил меоянд. Инқадар чеҳраашон, дилашон гарм аст ба мо”, - гуфт Сафар Ҳақдод.
Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷикфилм” аввалин студияе буд, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта филми “Рустаму Сӯҳроб”-ро ба Эрон муаррифӣ кард.
Бояд гуфт, солҳои 70-ум Борис Кимёгаров, коргардони маъруфи тоҷик аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ як қатор филмҳо рӯйи саҳна овард. Соли 1970 филми “Достони Рустам”, соли 1971 “Рустам ва Сӯҳроб” ва соли 1976 “Достони Сиёвуш” бо коргардонии Борис Кимёгаров рӯйи пардаи синамо омаданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
“Арзон будан маънои хатарнок буданро надорад”. “Тоҷикстандарт” сифати гӯшти аз Белорус воридшавандаро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста