Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи шикояти баъзе аз волидайни мактабҳои ноҳия барои хариди иҷбории пойафзорҳо аз як ширкати маҳаллиро бепоя хонд, вале бунёди коргоҳро “боиси ифтихори ноҳияҳо” гуфт.
Моҳи сентябри соли гузашта бархе волидайни хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карданд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ онҳоро маҷбур доранд, аз корхонаи маҳаллии “Фароғатбону” барои фарзандонашон пойафзори мактабии замистона харанд.
Он замон масъулини ҳукумат, шуъбаи маорифи ноҳия ва соҳиби корхона мегӯянд, ин маҷбурӣ нест, вале “истеҳсоли ватаниро бояд дастгирӣ кард”.
Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ тарғиби пойафзолҳои истеҳсоли “Фароғатбону”-ро сиёсати дастгирии соҳибкрони ватанӣ унвон кард ва гуфт, “танҳо дар ноҳияи мо не, дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён дорад”.
“Барои ноҳияи фахри калон аст ки соҳиби корхонаи пояфзолдузӣ аст. Шахсан худи ман ҳам аз ҳамин ҷо пойафзол мегирам. Сифаташ ҳам бад нест. То имрӯз даҳ бор назди мо ҳам буданд (кӣ ва чаро шаҳр надод-аз муаллиф) ва мо фаҳмонидем, ки касе лозим донад харидорӣ мекунад”, - гуфт Нусратулло Салимзода
Раис гуфт, “ягон мактабро барои пойафзолхарӣ аз ҶДММ “Фароғатбону” нақшабандӣ ва маҷбур накардаем ва танҳо корбарӣ мекунем”.
Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, хариди сару либоси мактабӣ, аз ҷумла пройафзорро ба танзим намедарорад ва сокинон имкон доранд, дар дилхоҳ ҷой сару либоси мактабӣ харанд.
Бо ин вуҷуд, ҳамасола дар кишвар дар робита ба хариди иҷбории сару либоси мактабӣ аз сӯи волидайни хонандагон шикоятҳо расонаӣ мешавад. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки роҳбарияти мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки аз ширкатҳои муайян сару либос харидорӣ кунанд ва “чек”-ашро ба онҳо пешниҳод намоянд.
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
“Арзон будан маънои хатарнок буданро надорад”. “Тоҷикстандарт” сифати гӯшти аз Белорус воридшавандаро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тадбири аёз ва ақли се амир”
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбон захмӣ шуданд
Омодагии Фонди кувейтии рушд ба идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 феврали соли 2025
Дар ҷумҳурӣ 705 ва дар пойтахт 780 доллар. Нархи миёнаи як метри мураббаъ хона дар Тоҷикистон маълум шуд
Раиси нави Конибодом гуфт, то ҳол сокинони шаҳр “хотирҷамъ нестанд ва навбатдории шабонарӯзӣ давом дорад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста