Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот (08:30), «Тоҷикфилм» (10:00) Маркази миллии тестӣ (10:00) ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соати (11:00) оид ба натиҷаи фаъолияташон дар соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ФЕВРАЛ
Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи автоматишудаи метеорологӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2010 – Созмони дифоъ аз рӯзноманигорон дар ИМА аз додгоҳҳои Тоҷикистон даъват кард, ки даъвоҳои тӯҳмат алайҳи рӯзномаҳои мустақилро бекор кунанд.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президентт кишвар ҷаласаи аввали Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро баргузор намуд.
Соли 2015 – Дар Душанбе дар оилаи Маҷнуновҳо чоргоник ба дунё омад, ки президенти кишвар супориш дод, ба онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ диҳанд.
Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ кард.
Соли 2019 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими нерӯи корӣ ба имзо расид, ки тибқи он Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул кунад.
Соли 2021 – Рустами Эмомалӣ дар бораи бо мақомоти давлатӣ мувофиқа кардани номгузории иншоот дар Душанбе қарор ба имзо расонид.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат варзид ва дар ҳошияи он бо роҳбари Чин мулоқот кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1946 – Мавлуди Аъламхон Кӯчаров, адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ.
Аламхон Кӯчаров адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияташро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, баъдан ба Академияи милли илмҳои кишвар ба фаъоляит пардохт. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд.
Фаъолияти илмиаш бештар ба таҳқиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, бахусус осори Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода равона шудааст. Аламхон Кӯчаров матни илмии интиқодии қиссаҳои “Одина” ва “Марги судхӯр”-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои “Қуддусия”, “Маърифати нафс” ва “Дарвешия”-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.
Соли 1965 – Зодрӯзи Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон ва ҳоло раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 2008 то соли 2017 ду навбат Вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Баъдан иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид. Аз моҳи январи соли 2023 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.
Соли 2016 – Асадулло Саъдуллоев, омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои саратон мебошад.
Саратон истилоҳи умумӣ барои зиёда аз 100 намуди беморӣ, ки метавонанд ба ҳар як қисми организм таъсир расонанд. Яке аз хосиятҳои асосии саратон афзоиши босуръати ҳуҷайраҳои ғайримуқаррарӣ мебошад, ки аз ҳадди табиӣ берун мебароянд.
Мақсад аз таъсис ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ, ёдоварӣ аз хатари бемориҳои онкологӣ ва кам кардани сатҳи маргумир аз ин беморӣ аст.
Дар охири соли 2020-ум СММ қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он Рӯзи байналмилалии бародарии инсонҳо таъсис дода шуд.
Ин сана ҳамасола 4 феврал ҷашн гирифта мешавад ва ба имзои ҳуҷҷати таърихии соли 2019 рабт дорад, ки онро Папаи Рум Франсиск II ва имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб дар мулоқоти худ дар Абу-Дабӣ ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат “Бародарии инсонӣ барои сулҳ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ” ном гирифтааст.
Ҳадафи таҷлили ин рӯз ёдоварӣ аз арзишҳои аслии инсонӣ - таҳаммулпазирӣ, муҳаббат, ҳамдилӣ ва кӯмаки мутақобила аст.
4 феврали 1911 ширкати “Rolls-Royce” барои автомобилҳои худ нишонаи машҳур – ҳайкалчаи зан бо болҳои кушодаро, ки пеш аз ҷаҳиш ба пеш хам шудааст, муаррифӣ намуд. Ин ҳайкалчаро ҳайкалтарош Чарлз Сайкс эҷод карда, ба он номи “Рӯҳи шӯхӣ” (Spirit of Ecstasy) дод.
Имрӯз Рӯзи миллии шӯрбоҳои хонагӣ дар ИМА ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи анъана, шӯрбоҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон машҳуранд. Ошхонаи тоҷикӣ низ дорои намудҳои гуногуни шӯрбо аст.
Имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайрирасмӣ – Рӯзи ихтирои “калӯш”-ҳои резинӣ аст. Таърихи аслии ин калима дар робита бо этимологияи калимаи “калӯш” аз “галӯш” баҳсбарангез аст. Ин намуди пойафзол дар кишвар, асосан дар деҳотҷойҳо васеъ истифода мешавад.
Имрӯз, рӯзи ба фаъолият оғоз кардани шабакаи иҷтимоии Facebook аст. Маҳз 4 феврали соли 2004, дар утоқи хобгоҳи Донишгоҳи Гарвард, ки онҷо Марк Цукерберг зиндагӣ мекард, шабакаи иҷтимоии Facebook рӯнамоӣ шуд.
Дар ибтидо ин як платформаи хурд ва ноошно буд, аммо имрӯз Facebook бузургтарин шабакаи иҷтимоии байналмилалӣ мебошад, ки миллиардҳо корбаронро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон фаро гирифтааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 29-34º сард, дар баъзе минтақаҳо то 39-41º сард, рӯзона аз 10-15º то 19-21º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 11-13º сард, рӯзона 1-3º сард.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тадбири аёз ва ақли се амир”
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбон захмӣ шуданд
Омодагии Фонди кувейтии рушд ба идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон
Дар ҷумҳурӣ 705 ва дар пойтахт 780 доллар. Нархи миёнаи як метри мураббаъ хона дар Тоҷикистон маълум шуд
Раиси нави Конибодом гуфт, то ҳол сокинони шаҳр “хотирҷамъ нестанд ва навбатдории шабонарӯзӣ давом дорад”
“Сомон-Эйр” шумораи парвозҳоро ба Теҳрон зиёд мекунад
Директори Агентии зиддинашъа гуфт, маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ миёни ҷавонон бештар паҳн мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди чароғхомӯшкун”
Маҷлиси миллӣ пешниҳоди баканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиёнро пазируфт
Нашъамандӣ коҳиш, аммо ҷинояти марбут ба маводи мухаддир афзоиш ёфтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста