Зимни иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз, 3-юми феврал таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар ва шаҳрдори Душанбе баргузор гардид, пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар оид ба барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби Додситони кулли Тоҷикистон ва бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ пазируфта шуд.

Сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ менависад, ки дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, пешниҳоди раиси ҷумҳур оид ба раиси Додгоҳи Олӣ интихоб намудани Рустам Мирзозода ва Додситони кулл таъин кардани Ҳабибулло Воҳидзода пазируфта шудааст.

Фармони барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён моҳи январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар имзо гардид ва барои ризоият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол  шуда буд.

То ҳол мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, маълум нест.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни иҷлосия, инчунин, ҳисоботи Умед Каримзода, муовини якуми Додситони кулли кишвар дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2024 ироа гардидааст.

Рустами Эмомалӣ бо назардошти таҳлили омори вазъи ҷинояткорӣ, оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Ҳамчунин, зини иҷлосия як қатор қонунҳои пешниҳодшуда ҷонибдорӣ гардида, бозхонду барканорӣ ва ба вазифаи нав пешниҳод шудани додрасу додситонҳои дигар пазируфта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.