Бо гузашти қариб 2 моҳ аз боздошти 4 гумонбар дар кушторҳои пурсарусадо дар шаҳри Конибодом то ҳол сокинони “хотирҷамъ” набуда, навбатдории шабонарӯзии сокинон дар маҳаллаҳои шаҳр давом дорад. Ин нуктаро Даврон Зоҳидзод, раиси нави шаҳри Конибодом дар нишасти матбуотии рӯзи 31-уми январ зикр кард.
Номбурда бо ишора ба халал нарасонидан ба рафти тафтишот дар робита ба ин ҳодиса маълумоти бештар надод ва танҳо илова кард, ки “боздоштшудаҳо ба хотири гумроҳ кардани тафтишот ва бо умеди ҷазои камтар гирифтан ду нафари дигарро ном гирифтаанд, ки гӯё шарики ҷиноят будаанд. Аз ин рӯ, мардум ҳанӯз шабона гирди гулхан ҳастанду “дружиначиҳо”-и ихтиёрӣ ба хотири кӯмак ба мақомот фаъоланд”.
Раиси нави шаҳр тасдиқ кард, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай аҳолии зиёд хонаҳои худро тарк карда, ба шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои вилоят куч бастанд ва ҳоло “ҳукумат талош дорад, ҳамаи онҳоро ба хонаю дари худ баргардонад”.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Рӯзи 21-уми декабри соли гузашта, Додситонии куллли кишвар аз боздошти чаҳор гумонбар дар содир кардани ин кушторҳо хабар дод ва гуфт, "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда, алайҳи боздоштшудаҳо парванда боз шудааст".
“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.
Дар иттилоияи Додситонии кул ҷузъияти боздошт, яъне чӣ гуна, дар куҷо ва бар пояи кадом далел боздошт гардидани муттаҳамон ошкор нашудааст.
Ҳоло тафтиши ин ҳодиса ба куҷо расидааст, маълум нест.
Дар бораи он ки наздикони боздоштшудаҳо дар бораи худи онҳо чӣ мегӯянд а то куҷо онҳо ба куштор қодиранд, дар ин маводи мо хонед.





Даргузашти Султонмуроди Одина, шоир ва нависандаи тоҷик дар 75-солагӣ
Фармони афзоиши маошу нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд. Акнун кӣ чӣ қадар мегирад?
Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 5
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2026
Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?
Ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи ҳавои сард ва барфу борон дар Тоҷикистон
Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад, вале ҳоло замони оғози бозсозӣ маълум нест
Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста