Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом, ки аз моҳи марти соли 2024, қариб даҳ моҳ инҷониб идома карда, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд, мақомоти кишвар аз боздошти чор гумонбар хабар доданд.

Ин маротибаи дуюм буд, ки мақомоти расмии Тоҷикистон кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ доданд. Пештар Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” номида буд.

Аммо баъди ин изҳороти муовини вазири корҳои дохила, ду куштори дигар рух дод, ки дар пайи он 10 узви 3 оила кушта шуданд. Ҳодисаи якум, шаби 8 ба 9-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъа рух дод, ки шахсони номаълум 6 узви як оила, аз ҷумла 4 кӯдакро куштанд. Ҳодисаи дуввум, баъди як ҳафта, шаби 15 ба 16-уми декабр рух дод, ки ин бор ашхоси ношинос 4 узви ду оиларо дар деҳаи Ҳисорак ба қатл расониданд.

Пас аз панҷ рӯзи куштори ахир дар Конибодом, 21-уми декабри соли 2024  Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, ки "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда", дар робита ба ин ҳодиса чоро гумонбар боздошт шудаанд:

- Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

- Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.

Даромадгоҳи шаҳри Конибодом

Додситонии кул гуфт, алайҳи ҳамаи чаҳор боздоштшуда парванда боз шудааст.

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.

Дар иттилоияи Додситонии кул ҷузъияти боздошт, яъне чӣ гуна, дар куҷо ва бар пояи кадом далел боздошт гардидани муттаҳамон ошкор нашудааст.

Барои посух ёфтан ба ин суолҳо ва ошкор кардани ҷузъиёти бештари ин қазия, хабарнигори “Азия-Плюс” бори дигар 23-юми декабр ба Конибодом рафта, бо пайвандону ҳамсояҳои боздоштшудагон суҳбат кард.

Дар бораи сафари пешини хабарнигори “Азия-Плюс” ба Конибодом ва гузориши он инҷо хонед.

Як нукта қобили зикр аст: ҳарчанд пайвандони аксари муттаҳамон ба иттиҳоми Додситонии кул шубҳа мекунанд, аммо аз чор гумонбари боздоштшуда, се нафар қаблан бо ҷурмҳои гуногун зиндонӣ шудаанд.

 

“Солеҳ, баро, ба берун баро”

Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом яке аз муттаҳамони боздоштшуда аст, ки дар деҳааш бо лақаби “Тайсон” низ мешиносанд.

Дар хонае, ки ӯ зиндагӣ мекунад, танҳо пиразанеро пайдо кардем, ки худро Галиния Ахмедулина, бибии модарии Солехҷон муаррифӣ кард.

Кӯчае, ки хонаи Солеҳҷон Худобердиев онҷост

Ин пиразан мегӯяд, ноберааш Солехҷонро шаби 19-уми декабр, вақте дар хона бо ӯ ва модараш нишаста буд, боздошт карданд.

“Дар хона нишаста будем, аз паси девор садо омад: “Солеҳ, баро, ба берун баро”. Набераам тарсид ва набаромад, модараш гиря мекард. Се-чор мард аз болои девор ба ҳавлӣ даромада, дари хонаро зада, шикастанд ва набераам Солеҳро ба мошин савор карда, бурданд”, - гуфт Галиния Ахмедулина.

Ин пиразан мегӯяд, Солехҷон баъди марги падар дар садамаи нақлиётӣ, бо модараш дар хонаи ӯ мезист. Ӯ таъкд мекунад, ки бо духтар ва наберааш Солехҷон дар як хона мехобанд, аммо дақиқ дар хотир надорад, ки шабҳои 8 ва 15-уми декабр, вақте дар шаҳри Конибодом ду ҳодисаи куштор рух дод, Солехҷон дар дар хона буд ё на.

Галия Ахмедулина
"Азия-Плюс"

Лекин зикр менамояд, ки вақте пас аз кушторҳои пайдарпай дар шаҳр ситоду навбатдорӣ ташкил гардид, “набераам қатори мардум то саҳар дар кӯча навбатдорӣ мекард, ки мо тинҷ хобем”.

Галиния Ахмедулина мегӯяд, ки Солеҳҷон муштзан ва куштигир буд, муддате дар саҳро пахтачинӣ кард, бо ҳунармандони сирки хиёбонӣ ҳамкорӣ намуд, аммо “бо сабаби камии музд ду сол пеш дорбозро бас кард”.

Модари Солехҷон, яъне духтари Галиния Ахмедулина, ҳам дар саҳро ба пахтачинӣ машғул будааст ва ният доштааст писарашро оиладор кунад. Лаҳзае, ки мо дар хонаи Солехҷон қарор доштем, модари ӯ дар хона набуд ва Галиния Ахмедулина гуфт, ки “ба назди писараш рафтааст”. Аммо ба куҷо номаълум.

Боиси зикр аст, ки Солехҷон қаблан низ зиндонӣ шудааст, аммо Галиния Ахмедулина дақиқ намедонад, ки барои кадом ҷурм.

“Чанд сол пеш (Солехҷон ) маҳбас шуда буд. Ростӣ, дақиқ намедонам барои чӣ, аммо ба мо ҳамин қадар гуфта буданд, ки бо Аҳадҷон (Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович дар назар аст) назди духтарҳо рафта, кадом корҳои ғайриахлоқӣ кардаанд.

Дар иттилоияи Додситонии кул оид ба доғи судии Солехҷон Худойбердиев хабар дода намешавад.

 

“Қассоб буд, аммо намедонам, то куҷо дар ҷиноятҳо даст дорад”

Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола гумонбари дигари боздоштшуда аз деҳаи Гулбоғ аст.

23-уми декабр, вақте ба манзили номбурда рафтем, дарвоза қулф буд. Аз суҳбат бо ҳамсояҳо маълум шуд, ки Аҳадҷон қассоб буд, бо модараш мезист. Модараш ҳоло дар хонаи пайвандон зиндагӣ дорад.

Ҳамсояҳои Аҳадҷон гуфтанд, ки ӯ қаблан зиндонӣ шуда буд. Аммо дар бораи шеваю шароити боздошти ӯ маълумоте надоданд.

Лутфӣ Маҳмудова
"Азия-Плюс"

Лутфӣ Маҳмудова, як ҳамсояи Аҳадҷон, гуфт, ки “ӯ бачаи хуб буд, шабҳо дар ситод иштирок карда, ҳамроҳи ҳамсояҳо бедор буд. То куҷо ба ин ҷиноятҳо даст дорад, намедонем”.

 

“Қаблан бозпурсӣ шуда буд”

Бахтиёр Равшанови 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом гумонбари сеюми боздоштшуда низ набераи Галиния Ахмедулина ва писари холаи Солехҷон Худойбердиев аст.

Хонаи Бахтиёрро ҳам қуфлзада пайдо кардем. Ҳамсару фарзандонаш дар хонаи амакаш, ки дар ҳамсоягӣ қарор дошт, мезистанд.

"Азия-Плюс"

Зарнигор Баротова, ҳамсари Бахтиёр лаҳзаи боздошти шавҳарашро чунин ба хотир меорад:

“Рӯзи панҷшанбе (19-уми декабри соли 2024) шавҳарам ба беморхона барои аёдати падари бемораш рафта буд. Кормандони мақомот ба хона омаданд ва ба шавҳарам занг зада, даъват карданд, ки зуд ба хона ҳозир шавад. Вақте ба хона омад, боздошт карда, бурданд”.

Зарнигор Баротова мегӯяд, шавҳарашро баъди боздошти Солехҷон ва дар асоси нишондоди ӯ боздошт кардаанд.

Зарнигор Баротова
"Азия-Плюс"

“Ӯ (Солехҷон) гуфтааст, ки гӯё зуд-зуд ба хонаи мо омада, чой мехӯрд”, - гуфт Зарнигор Баротова.

Ин зан мегӯяд, шавҳараш асосан мардикорӣ ва дар сохтмонҳо кор мекард, аммо бо Солехҷон рафтуомад надошт.

Лекин, Зарнигор Баротова тасдиқ мекунад, ки шавҳарашро баъди куштори Маҳбуба Аҳмадоваи 38-сола ва фарзандони ӯ Нозанин Аҳмадоваи 17-сола ва Дамир Аҳмадови 14-сола дар санаи 28-29-уми май дар деҳаи Санҷидзор, ки ҳамсояи онҳо аст, бозпурсӣ карда буданд.

Бахтиёр Равшанов соҳиби 4 фарзанд буда, фарзандонаш 2, 7, 10 ва 12-сола будаанд.

Зарнигор Баротова мегӯяд, ки шавҳараш баъди ихроҷ аз Русия дар соли 2013 ному насабашро иваз кардааст. Қаблан ӯ Баҳодур Баротов будааст.

Даровзаи Бахтиёр Равшанов
"Азия-Плюс"

Ин зан бовар надорад, ки шавҳараш ҷиноят содир кардаст.

“Бо мардикорӣ бо азобе зиндагӣ мекунем. Агар шавҳарам дузду ҷинояткор мебуд, зиндагии хубе медоштем”, - мегӯяд Зарнигор Баротова.

 

“Қаблан зиндонӣ шуда буд”

Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом муттаҳами чаҳоруми боздоштшуда мебошад.

"Азия-Плюс"

Санаи 23-уми декабр, вақте ба хонаи Манучеҳр рафтем, модар, ду додару хоҳари Манучеҳр дар хона будаанд, аммо нахостанд зиёд сӯҳбат кунанд.

Танҳо тасдиқ карданд, ки Манучеҳр қаблан зиндонӣ шудааст, лекин барои кадом ҷурм, номаълум.

Марҳабо Одилова, модари Манучеҳр гуфт, ки писарашро 19-уми декабр боздошт карданд ва бо гузашти 5 рӯз, ӯро надидааст.

“4 фарзандро танҳо, бепадар калон кардам. Бо писарам Манучеҳр тиҷорати хурд доштанд ва дар кӯчаву маҳаллаҳо маводи ғизоӣ мефурӯхтем”, - гуфт Марҳабо Одилова.

Ин зан бо ишора ба таъкиди нозирони минтақавӣ, ки ба ӯ гуфтаанд, бо касе сӯҳбат накунад, аз шарҳи бештар худдорӣ кард. Аммо таъкид кард, ки “ба ҷинояткор будани фарзандам шубҳа дорад”.

Манзили Манучеҳр
"Азия-Плюс"

Тибқи маълумоти дастрасгардида, ҳоло ҳамаи гумонбарони боздоштшуда дар Боздоштгоҳи шаҳри Конибодом нигоҳ дошта мешавад. Пайвандони муттаҳамон ба онҳо хӯрок мебаранд, аммо ба қавли онҳо, то ҳол бо боздоштшудагон мулоқот накардаанд.

Маълум нест, ки онҳо то куҷо ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд.

Мақомот ғайр аз хабари боздошт, дигар ҷузъиёте ироа накардааст.

 

Кушторҳои мармуз ва ҳароси сокинон

Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои атрофи он шаби 28 ба 29-уми март оғоз шуд. Он шаб дар кӯчаи Комил Ёрматови шаҳри Конибодом Муҳиддин Шарифови 65-сола, ҳамсараш Марям Шарифова, келини хона Фирӯза Шарифова ва набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиз Кабирзода кушта пайдо шуданд.

Дар оғоз Муҳиддин Шарифов гумонбар эълон гардид, аммо баъдтар ин фарзия рад гардид. Он замон Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки падараш ҷабрдида эътироф шудааст, аммо уотилон то ҳол пайдо нагардидааст.

Шаби 16 ба 17-уми апрел дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом зану шавҳари 70-сола Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова кушта пайдо шуданд.

Пас аз 21 рӯз Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов бо гумони куштори онҳо боздошт шуд.

Бо вуҷуди он ки хешовандон ва фарзандони ҷуфти кушташуда ва фарзандони гумонбари куштор ба гуноҳкории мард бовар надоштанд ва далел оварданд, ки дар шаби куштор Ашӯров ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, мард дар куштор гунаҳкор дониста шуд ва 12-уми декабр ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаш узви ду оила кушта пайдо шуданд. Як оилаи кушташуда тоҷикон, оилаи дигар қирғизҳо мебошанд.

"Азия-Плюс"

Оилаи тоҷикон аз се нафар иборат буд: Маҳбуба Аҳмадоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғи ӯ – Нозанини 17-сола ва Дамири 14-сола.

Оилаи қирғизҳо низ аз се нафар иборат буд: Зулҳо Иброҳимоваи 54-сола, бародари 47-солаи ӯ Абдуфаттоҳ ва Қурбонгули 46-сола.

Дар ин ду куштор посбони 42-солаи мактаби деҳаи Санҷидзори ноҳияи Конибодом Марат Сатторовро айбдор карданд. Дар охири моҳи ноябр Суди Олии Тоҷикистон ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Шаби 8 ба 9-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом ҷасади 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дарёфт шуд.

Ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-соларо дар дарахт овезон, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-соларо бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо карданд.

Як ҳафта баъд, шаби 15 ба 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) шаҳри Конибодом боз чор узви ду оила нафар кушта пайдо шуданд.

Ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар – Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигори 28-сола ва ду каси дигар модару писар – Ойиша Шокирова 70-сола ва Ҷавлон Шокирови 44-сола буданд.

Дар умум, давоми 10 моҳ, дар шаҳри Конибодом 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд.

Бар замми ин муддате гаштугузори шахсони ниқобпӯш расонаӣ шуд, ки ҳароси сокинонро дучанд кард. Онҳо муддате ситод ташкил карда, дар шаҳр навбатдорӣ мекарданд. Коре, ки то ҳол дар Конибодом давом дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед