Юсуф Раҳмон, додситони кулли пешини Тоҷикистон баъди як рӯзи тасдиқи барканориаш аз сӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд.
Ӯ 10 соли охир (ду давраи 5- сола) додситони кулли Тоҷикистон буд ва рӯзи 23-юми январ президент номзадии ӯро барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва ин ниҳоди болоии парлумон дирӯз, 3-юми феврал ба ин пешниҳод “ҳа” гуфт.
Аз соли 2020 то соли 2025 Насрулло Маҳмудзода котиби Шӯрои амният буд. Рӯзи 21-уми январ ӯ бо сабаби "ба кори дигар гузаштан" аз вазифа озод гардид, вале вазифаи нави ӯ то ҳол маълум нест.
Инчунин, пас аз тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имрӯз, 4-уми феврал бо фармони раисҷумҳури кишвар Ҳабибулло Воҳидзода ба вазифаи додситони кулл, Фирдавс Ҳаётзода ба вазифаи муовини додситони кулл ва ҳамзамон додситони ҳарбӣ ва Хайриддин Қосимзода ба вазифаи муовини додситони кулл расман таъйин гардиданд.
Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар подшоҳии Арабистони Саудӣ, ҳамзамон, сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир таъйин шуд.
Дар бораи корномаи Ҳабибулло Воҳидзода, ки акнун расман додситони кулли нави Тоҷикистон аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” хонед. Инчунин, Юсуф Раҳмон бо чӣ иқдомҳо дар хотира мемонад, дар ҳамин матлаб мутолиа кунед.
Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январи ҳар сол, баъди баргузории маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат ба тағийроти кадрӣ дар ҳукумат даст мезанад. Давоми моҳи январ, аввал вазири меҳнату муҳоҷират, раисони додгоҳи олӣ, оҷонсии нафақа, кумитаи телевизион ва радио ва чанд мансадори дигар аз вазиф озод ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру фармонҳо вазирону раисони “дарозумр”-и тоҷикро аз вазифа озод кард. Онҳо кистанд ва ҷомеа аз чеҳраҳои нав чӣ интизориҳо доранд, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.





Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста