Баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе” (4-5 ноябри соли 2024, шаҳри ал-Кувайт) аз зумраи марҳалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт маҳсуб меёбад, ки таҷлили сиюмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду кишвари дӯст ба 31 марти соли 2025 рост омад.
Тули се даҳсола муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт бар асоси усули баробарӣ, дӯстию бародарӣ ва эҳтироми мутақобил эҷоду мустаҳкам шуда, ҳарду кишвар нисбат ба доираи васеи мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези низоъҳо, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими нақши марказӣ ва раҳбарикунандаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеъҳои наздик ва ё мушобеҳ доранд.
Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе” аз ҷониби Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Ин конфронси байналмилалӣ бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ дар ҳамоҳангсозии сиёсати амниятии ду кишвар ва пешбурди иқдомҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт дар самти таъмини аминияти ҷаҳонӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мусоидат кард. Валиаҳди Давлати Кувайт дар ифтитоҳи конфронс таъкид кард, ки мизбонии ин конфронси муҳим аз ҷониби Давлати Кувайт таҷассумгари тааҳҳуди қатъии кишвараш ба амалиёти бисёрҷониба барои муқовимат бо терроризм ва чолишҳои нави он буда, марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе ба таҳким ва пайгирии чаҳорчӯби амалиёти байналмилалӣ ба хотири бунёди ояндаи шукуфон, амният ва субот бо риояи волоияти қонун мусоидат хоҳад кард.

Ҷараёни конфронси мазкур ва таҳлили мавқеъҳои кишварҳои иштироккунандаи конфронс, инчунин Эъломияи Кувайт оид ба амният ва мудирияти сарҳад аз баланд гардидани нақш, ҷойгоҳ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва Кувайт ҳамчун кишварҳои ташаббускор дар самти пешгирии таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабири терроризм, экстремизм, гардиши райриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа, савдои одамон ва ҷиноятҳои фаромарзии сайберӣ шаҳодат медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи Раванди Душанбе истиқбол намуда, зикр кард, ки раванди зиддитеррористии Душанбе барои ҳамкориҳои ҷаҳонии байни ду кишвар ва ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар муборизаи зидди терроризм, муколамаи ҳаматарафа ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам заминаи муҳим фароҳам овард ва Тоҷикистон дар оянда низ талошҳои худро дар ин самт идома дода, ҳамкориҳои зичро бо шариконаш барои таъмини амнияту суботи ҳамаҷониба тақвият хоҳад дод. Ӯ гуфт, кумак ба таъмини сулҳи пойдор ва субот, ҳаёти осоишта дар паҳнои ҷаҳон яке аз мақсадҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Точикистон мебошад.
Дар зимн, Владимир Воронков, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм ба ҳайси шарики байналмилалӣ дар ташкили конфронс таъкид намуд, ки "ин ҳамоиш тааҳҳуди дастаҷамъии моро ба муборизаи бисёрҷониба бо терроризм, ҳамкорӣ ва ҳадафи муштараки моро баҳри бунёди сарҳадҳои амн ва устувор барои ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ ва амният бори дигар тасдиқ мекунад. Ҳамкории байналмиллалии зиддитеррористӣ бояд чароғи илҳомбахши ҳама ҷонибҳои манфиатдор бошад. Бовар дорам, ки марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмиллалии зиддитеррористиро тақвият бахшида, барои ба даст овардани оянда нек ва аз терроризм озод мусоидат хоҳад кард”.

Дар маросими ифтитоҳи конфронси сатҳи 500 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 28 вазирони ҳукумат ва намояндагони воломақоми 91 кишвари узв, 14 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, 24 коршинос аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои занону ҷавонон ва марказҳои таҳлилӣ ширкат доштанд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон низ се коршинос аз ҷомеаи шаҳрвандии дар ин конфронси байналмилалӣ иштирок доштанд.
Боиси зикр аст, ки эълом доштани ҷонибдори қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар Ал-Кувайт боиси истиқболи хуши иштирокдорони конфронс гардид. Ин иқдом нишон медиҳад, ки кишвари мо на танҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдори сиёсати ягона ва даст кашидан аз стандартҳои дугона дар шинохти таҳдиду хатарҳои фаълоияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва муборизаи самарабахш бо онҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе” бо қабули Эъломияи Кувайт оид ба амният ва идоракунии сарҳадот анҷом ёфт, ки хамчун Харитаи роҳ баҳри муборизаи муштарак бо терроризм ва таъмини амнияти ҷаҳонӣ, иҷрои қатъномаҳои СММ хидмат хоҳад кард.
Дастгирии бевоситаи Кувайт аз ташаббусҳои Тоҷикистон, агар аз як тараф нақши Кувайтро ҳамчун кишваре, ки аз мушкилиҳои ҷаҳонӣ канорагирӣ накарда, ҷиҳати рафъи онҳо фаъол нишон диҳад, аз ҷониби дигар, далели афзоиши дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Кувайт на фақат дар самти мубориза бо терроризм, балки таҷриба сисолаи муштараки ҳасана дар соҳаи сиёсӣ, иктисодию иҷтимоӣ, тиҷорату фарҳанг ва ғайра доранд, ки заминаи хуқуқии ин муносибот даҳҳо шартномаҳои байниҳукуматӣ ва миёни вазорату идораҳои ду кишвар аст. Фақат дар тули сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конфронси байнамилалӣ дар Кувайт аввали моҳи ноябри соли 2024 9 шартномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Кувайт ба имзо расид.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт 11-16 ноябри соли 2024 баъди як ҳафтаи конфронси байналмилалӣ фоли неке дар вусъати ҳамкориҳо буд. Тӯли 10 соли охир бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Кувайт чор маротиба ҳафтаҳои фарҳангӣ (солҳои 2014, 2015, 2016, 2018) ва як маротиба Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт (соли 2024) доир гардиданд.
Ҳамзамон ташаббусҳои муштараки сатҳи ҷаҳонӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Кувайт мусоидат мекунад.
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ, иштирокчии Конфронси байналмилалии “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста