Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду фармон, рӯзи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро муайян ва шаш аъзои онро таъин кард.
Тибқи фармони раиси ҷумҳур, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати ҳафтум, рӯзи 11 -уми апрел дар Душанбе даъват шудааст.
Дар назар аст, ки зимни иҷлосияи мазкур раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ интихоб шаванд.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст, ки аз 33 узв иборат аст. 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.
Ҳафтаи гузашта, 28-уми март 25 аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи панҷ минтақаи кишвар интихоб гардиданд.

Имрӯз шаш узви дигари он аз ҷониби раиси ҷумҳур таъин шуданд:
- Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – ҳуқуқшинос;
- Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
- Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди – мудири муассисаи томактабии №2-и ноҳияи Лахш;
- Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
- Восифҷонзода Рухшона Восифҷон – директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д.Ушинский”;
- Нодирӣ Шаҳло Ҷамолиддин – директори муассисаи таълимии давлатии Литсейи №1-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи меъёри Қонуни асосӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад аз чаҳор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро таъин кунад. Ин бор Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз салоҳияти худ, танҳо шаш узви ин маҷлисро таъин кардааст.
Ҳамчунин, раиси ҷумҳури собиқ низ аз ҳаққи узвияти доимии ин маҷлис бархӯрдор аст.
Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи ин ниҳод ба кор оғоз мекунанд.
Мувоффиқи қонунгузории кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати корношоям шудани раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯро то интихоботи навбатӣ ба зимма мегирад.
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста