Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар хабар додааст, ки мусофиркашонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалӣ дар Русия манъ шуда, онро танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ истифода кунанд.
Қоидаи нав аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қарор, муҳлате, ки ба соҳибони ду шиноснома - Русия ва кишвари дигар ва хориҷиёни соҳиби иҷозатномаи зисти муваққат (ВНЖ) барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуда буд, 1-уми апрели соли 2025 ба поён расид.
“Агар идора кардани воситаи нақлиёт як бахше аз фаъолияти меҳнатии шаҳрванди хориҷӣ бошад, ӯ наметавонад, зимни фаъолият воситаи нақлиётро тавассути шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ истифода барад”,-гуфтааст ин ниҳод.
Таъкид шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи зисти муваққат ва шаҳрванди Русия мегиранд, ва шаҳодатномаи ронандагии кишвари худро доранд, бояд дар муҳлати як сол шаҳодатномаи ронандагии Русияро низ гиранд.
Агар шаҳрвандон дар Русия ҳуҷҷати ронандагии кишвари хориҷиро истифода кунанд, бар зиддашон дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин кишвар санад тартиб дода шуда, ҷарима мешаванд.
Барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи ронандагии кишвари худро доранд, барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагии Русия аз рӯи категорияҳои “М”, “А”, “B”, “А1”, “B1” бояд аз санҷиши назариявӣ гузаранд ва маълумотномаи тиббӣ низ пешниҳод кунанд.
Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз рӯйи категорияҳои “С”, “D”, “СЕ” ва “DЕ” бошад, шаҳрвандон бояд курси кӯтоҳмуддати ронандагиро хонанд, аз санҷиши назариявӣ гузаранд ва ҳамзамон маълумотномаи тиббӣ низ пешниҳод кунанд.
Бояд гуфт, ки ин талабот ба шаҳрвандони Русия, ки муддати тӯлонӣ дар хориҷи кишвар иқомат доштанду шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ гирифтаанд, низ дахл дорад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки шаҳрвандони кишвар барои гирифтани маълумот ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба рақамҳои +7(495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 метавонанд муроҷиат кунанд.
Бо тағйироти дигаре, ки аз 1-уми апрели соли 2025 барои муҳоҷирон дар Русия ҷорӣ мешавад, дар матлаби “Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?” мутолиа кунед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста