Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуд, ки Юсуф Раҳмон аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзода ба ин мансаб таъин карда шавад.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулл танҳо баъди аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул донистани номзадиашон таъин мешаванд.
Ҳабибулло Воҳидзода кист?
Айни замон Воҳидзода дар вазифаи муовини додситони кулл - сардодситони ҳарбии кишвар кор мекунад.
Ҳабибулло Воҳидзода ҳуқуқшинос ва хидматчии давлатӣ аст, ки фаъолияташ зиёда аз 30 соли корро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар бар мегирад.
Ӯ 21 феврали соли 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба кор дар мақомоти додситонӣ оғоз намуд.
Аз соли 2011 то 2015 дар вазифаи муовини додситони кулли Тоҷикистон кор карда, лекин дар соли 2015 пас аз интиқоди президент дар ҷаласаи Шӯрои амният, ҳамроҳи боз ду муовини додситони кулли аз ин вазифа барканор шуд.
Лекин фаъолияти ӯ идома ёфта, додситони вилояти Суғд шуд. Соли 2020 директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Тоҷикистон таъин шуда, фаъолона дар ин самт кор кард.
Дар мақоми роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар Воҳидзода миёни рӯзноманигорон бо дастрасии худ маъруф гардид. Ӯ мунтазам дар нишастҳои матбуотӣ, ки ду маротиба дар як сол баргузор мешаванд, иштирок карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медод.
Соли 2024 Воҳидзода муовини додситони кулл - сардодситони ҳарбии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Воҳидзода бо як қатор мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хизмати шоиста” ва медалии ҷашнии “30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст. Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аст. Оиладор, як фарзанд дорад.
Додситони кулли ҳозира бо чӣ иқдомҳо дар хотира мемонад?
Додситони кулли ҳозира Юсуф Раҳмони 58-сола, ки аз 23 январи соли 2015 сари ин мансаб қарор дорад, бо он маъруф аст, ки дар замони раҳбарии ӯ Додситонии кулл яке аз пӯшидатарин ниҳодҳо байни муассисаҳои давлатӣ буд.
Ӯ ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ бо дили нохоҳам маълумот пешниҳод мекард. Кормандони сохтори ӯ аксар вақт аз рӯзноманигорон талаб менамуданд, ки ҳатто барои соддатарин саволҳо дархостҳои хаттӣ ирсол кунанд.
Ҷавобҳо ба ин дархостҳо ё бо таъхир мерасиданд, ё ба таври умумӣ ва сарфи назар дода мешуданд, ки ин дастрасӣ ба маълумоти боэътимод ва пурраро душвор мекард.
Кадровые перестановки - теперь в исполнительном аппарате президента Таджикистана
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 января 2024 года
Буррата, рикотта, страчателла. В Душанбе открылся знаменитый ресторан «Сыроварня»
В Подмосковье задержали многодетную мать из Таджикистана, получившую сертификат на жилье
В Кыргызстане запретили использовать религиозные термины в названиях юрлиц
В МВД России предупредили о новой вредоносной рассылке в Telegram
Потребительская уверенность в Таджикистане: инфляция и колебания курса сомони снизили настроения населения в 2024 году
«Вавилон» и «Рахш Такси» стали победителями Кубка FORMULA55 памяти Александра Кирсанова
О месте силы, талантах и будущем: Почему «Азия-Плюс» остается №1 на медиарынке Таджикистана
В Таджикистане через 30 лет простоя заработала лаборатория гидравлики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста