Ҳукумати Тоҷикистон номгӯй ва ҳаҷми молу маҳсулоти зарурати аввалияи воридотиро барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2025, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксиз ба андозаи 50% озод карда мешаванд, тасдиқ кард.
Ба воридоти ин гуна маҳсулот ба ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул мешавад.
Мувофиқи қарори ҳукумат, ба ин навъи молу маҳсулот маводи ғизоӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин дохил мешаванд.
Номгӯй аз молу маҳсулоти зерин иборат аст:
- гандуми истеъмолӣ – 100 ҳазор тонна;
- шакар (қанд) – 30 ҳазор тонна;
- орд – 2 ҳазор тонна
- гӯшт – 2 ҳазор тонна;
- равғани растанӣ – 1 ҳазор тонна;
- биринҷ – 1 ҳазор тонна;
- гӯшти қимаи мурғ – 1 ҳазор тонна;
- сӯзишвории дизелӣ – 100 ҳазор тонна;
- бензин – 100 ҳазор тонна.
Ёдрас мекунем, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба воридоти имтиёзноки маҳсулоти мазкур дар доираи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2025” ҳуқуқ пайдо кард.
Мувофиқи қонуни мазкур, имтиёзҳо аз пардохти андоз дар соли ҷорӣ аз рӯи 17 банд нисбати субъектҳои сершумор амал мекунанд.